Маркази тарҷумаи Равод — 302
18:75 Хизр гуфт: «Ба ту нагуфтам, ки ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»
18:76 Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас чизе аз ту пурсидам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун ва аз ҷониби ман, ҳатман, маъзур хоҳӣ буд»
18:77 Пас, ба роҳ афтоданд, то ба аҳли шаҳре расиданд [ва] аз онон ғизо хостанд; [аммо онон] аз меҳмон кардани эшон худдорӣ карданд. Сипас дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ бирезад ва [Хизр] онро росту устувор кард. [Мӯсо] Гуфт: «Агар мехостӣ, [метавонистӣ] барои он [кор аз онон] музде бигирӣ»
18:78 [Хизр] Гуфт: «Ин ки замони ҷудоии ману ту фаро расидааст. Ба зудӣ туро аз тавзеҳ [ва далели] он чи ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ, огоҳ хоҳам сохт
18:79 Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас, хостам маъюбаш кунам; [зеро] пеши роҳашон [дар дарё] подшоҳе [ситамгор] буд, ки ҳар киштии [солиме]-ро ба зӯр мегирифт
18:80 Ва аммо он навҷавон падару модараш муъмин буданд; пас, тарсидем, ки он дуро ба саркашӣ ва куфр во дорад
18:81 Аз ин рӯ, хостем, ки Парвардигорашон ба ҷойи ӯ [фарзанди] поктару меҳрубонтаре ба онҳо ато фармояд
18:82 Ва аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ»
18:83 Ва [эй Паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд»