>

Маркази тарҷумаи Равод — 301

18:62 Пас, ҳангоме ки [ба роҳ афтоданд ва аз он ҷо] гузаштанд, [Мӯсо] ба [хидматкори] ҷавони худ гуфт: «Ғизоямонро биёвар, ки аз ин сафар бисёр хаста шудаем»

18:63 [Юшаъ] Гуфт: «Ба ёд дорӣ, ҳангоме ки [барои истироҳат] ба канори он тахтасанг ҷой гирифтем, ман [дар он ҷо достони зинда шудани] моҳиро фаромӯш кардам [ки бо ту бигӯям] ва ҷуз шайтон [касе] маро аз ёдоварии он [достон] ба фаромӯшӣ наандохт ва моҳӣ ба тарзе шигифтовар роҳашро дар дарё пеш гирифт»

18:64 [Мӯсо] Гуфт: «Он ҳамон чизест, ки мехостем [ва ҷойгоҳи он бандаи накукор ҳамон ҷост]». Пас, ҷустуҷӯкунон пайи пои худро гирифтанд [ва аз ҳамон роҳ] бозгаштанд

18:65 Пас, [дар он ҷо] бандае аз бандагони мо [Хизр]-ро ёфтанд, ки аз ҷониби хеш ба ӯ раҳмате дода будем ва аз назди худ ба вай донише омӯхта будем

18:66 Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё [иҷозат медиҳӣ] ҳамроҳат биёям, то аз он чи ба ту омӯхта шуда ва мояи ҳидояту иршод аст ба ман биёмӯзӣ?»

18:67 [Хизр] Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ, [дар итоат ва ҳамроҳӣ] ҳамроҳи ман шикебоӣ кунӣ

18:68 Ва чи гуна бар [анҷоми] коре, ки ба [рози] он огоҳ нестӣ, шикебоӣ мекунӣ?»

18:69 [Мӯсо] Гуфт: «Иншоаллоҳ шикебо хоҳам буд ва дар ҳеҷ коре аз ту нофармонӣ намекунам»

18:70 [Хизр] Гуфт: «Пас, агар бо ман ҳамроҳ шудӣ, дар бораи ҳеҷ чиз аз ман суол накун, то худ бо ту дар борааш сухане бигӯям»

18:71 Пас, он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд. [Хизр] Киштиро сӯрох кард. [Мӯсо] гуфт: «Онро сӯрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ? Ростӣ, чи кори норавое кардӣ!»

18:72 [Хизр] Гуфт: «Оё нагуфтам, ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»

18:73 [Мӯсо] гуфт: «Ба хотири он чи фаромӯш кардам, сарзанишам накун ва дар корам бар ман сахт нагир»

18:74 Пас, ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки ба навҷавоне расиданд ва [Хизр] ӯро кушт. [Мӯсо] гуфт: «Шахси [бегуноҳу] покеро куштӣ [он ҳам] бидуни ин ки касеро кушта бошад? Воқеан, кори нописанде кардӣ!»