>

Маркази тарҷумаи Равод — 300

18:54 Ва ба ростӣ, дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем; ва[-ле] инсон беш аз ҳар чизе ба ситез [ва чунучаро] мепардозад

18:55 Ва чизе мардумро бознадошт, ки вақте ҳидоят [паёмбар ва Қуръон] ба сӯяшон омад, имон биёваранд ва аз Парвардигорашон омурзиш бихоҳанд, магар ин ки [аз рӯи лаҷоҷат мехостанд] суннати [Аллоҳ таоло дар мавриди азоби] пешиниён бар [сари] онон [низ] биёяд ё азоби рӯ дар рӯ ба онон бирасад

18:56 Ва мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем ва касоне, ки куфр варзиданд, ба [суханони беҳуда ва] ботил ситеза мекунанд, то ба василаи он ҳақ [Қуръон]-ро поймол кунанд ва [муъҷизоту] оёти ман ва он чиро, ки ба он бим дода шудаанд, ба тамасхур гирифтанд

18:57 Кист ситамгортар аз он ки ба оёти Парвардигораш панд дода шавад, вале аз он рӯ бигардонад ва корҳои [зишти] гузаштаашро фаромӯш кунад? Мо бар дилҳояшон пардаҳое афкандаем, то [паёми ҳақ]-ро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодаем, то сухани ҳақро нашнаванд]; ва агар ононро ба сӯи ҳидоят бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят намешаванд

18:58 [Эй Паёмбар] Парвардигорат омурзанда ва дорои раҳмат [фаровон] аст. Агар онон [кофирон]-ро ба [сазои] он чи кардаанд, бозхост мекард, ҳатман, дар азобашон шитоб менамуд; [аммо чунин намекунад] балки онон мавъиде доранд, ки ҳаргиз аз он гурезе нахоҳанд дошт

18:59 Мо [сокинони] он шаҳрҳоро ҳангоме ҳалок намудем, ки [ба хотири куфру гуноҳ] ба худ ситам карданд ва барои ҳалокаташон мавъиде таъйин кардем

18:60 [Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба [хидматкори] ҷавони худ [Юшаъ ибни Нун] гуфт: «Ҳамчунон хоҳам рафт, то ба маҳалли бархурди ду дарё бирасам ё барои муддати тулонӣ роҳ бипаймоям [то бандаи дурусткоре биёбам ва нодонистаҳоямро аз ӯ биёмӯзам]»

18:61 Пас, чун ба маҳалли бархурди ду дарё расиданд, моҳии худро [ки барои хӯрдан ҳамроҳ доштанд] фаромӯш карданд [пас, Аллоҳ таоло онро зинда кард ва ба об андохт] ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт