>

Маркази тарҷумаи Равод — 30

2:191 Ва онон [мушрикон]-ро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва аз он ҷо [Макка], ки шуморо берун кардаанд, берун кунед ва фитна [куфру ширк] бадтар аз қатл аст ва бо онҳо дар канори Масҷид-ул-ҳаром пайкор накунед, магар ин ки бо шумо дар он ҷо биҷанганд. Пас, агар [дар он ҷо] бо шумо ҷангиданд, эшонро бикушед, [ки] сазои кофирон чунин аст

2:192 Пас, агар [аз куфрашон] даст бардоштанд [аз набард даст бикашед, ки] бе гумон Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

2:193 Ва бо онҳо биҷангед, то фитнаи [ширк] боқӣ намонад ва дин [холисона] аз они Аллоҳ таоло гардад. Пас, агар даст бардоштанд, [ситам накунед, ки] ситам ҷуз бар ситамгорон раво нест

2:194 [Ин] Моҳи ҳаром [соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки имкони умра гузоридан ёфтед] дар баробари моҳи ҳаром [-и соли гузашта] аст [ки мушрикон шуморо аз адои ҳаҷ боздошта буданд] ва [таҷовузи] ҳурматҳо [-и сарзамину моҳи ҳаром] қасос дорад; пас, ҳар ки ситам кард, ба ҳамон гуна ки бар шумо ситам кардааст, бар ӯ ситам раво доред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезкорон аст

2:195 Ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед ва [бо фирор аз майдони ҷиҳод ва тарки инфоқ] худро бо дасти хештан ба ҳалокат наафканед ва некӣ кунед, [ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

2:196 Ва ҳаҷҷу умраро барои Аллоҳ таоло ба поён расонед ва агар [ба василаи душман ё беморӣ аз ин кор] бозмонед, он чи аз қурбонӣ [хоҳ аз шутуру гов ё гӯсфанд] фароҳам шавад [забҳ кунед ва он гоҳ аз эҳром хориҷ шавед] ва сарҳои худро натарошед, то қурбонӣ ба ҷойгоҳаш [дар қурбонгоҳ] бирасад ва агар касе аз шумо бемор буду ё нороҳатие дар сар дошт [ки ночор буд бад-он хотир дар ҳоли эҳром сари худро битарошад], пас, фидя диҳад, аз [қабили се рӯз] рӯза ё садақа [таом додани шаш тиҳидасти ҳарам] ё қурбонӣ кардани гӯсфанде [ки миёни тиҳидастони ҳарам тақсим шавад]. Пас, ҳангоме ки дар амон будед, ҳар ки аз умра баҳраманд гардид ва сипас [аъмоли] ҳаҷро оғоз кард, он чи аз қурбонӣ [барояш] муяссар шуд [забҳ кунад] ва ҳар ки [қурбонӣ] наёфт, се рӯз дар [айёми] ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме ки [ба хона] бозгаштед, рӯза бигиред. Ин даҳ [рӯзи] комил аст. Ин [ҳукми ҳаҷҷи таматтуъ] барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром [Макка ва атрофи он] набошад ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст