Маркази тарҷумаи Равод — 3
2:6 Бар касоне, ки кофир шудаанд, баробар аст, ки оё бимашон додаӣ, ё надодаӣ, имон нахоҳанд овард.
2:7 Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшҳояшон муҳр [-и ғафлат] задааст ва бар чашмҳояшон пардаест ва барояшон азоби бузурге [дар пеш] аст
2:8 Бархе аз мардум мегӯянд: "Ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаем", дар ҳоле ки имон надоранд
2:9 Онон [гумон мекунанд] Аллоҳ таоло ва муъминонро фиреб медиҳанд, дар ҳоле ки фақат худро фиреб медиҳанд, вале намефаҳманд.
2:10 Дар дилҳояшон беморӣ (шак, нифоқ ва палидӣ) аст ва Аллоҳ таоло бар бемории онон афзудааст ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, азоби дардноке [дар пеш] хоҳанд дошт
2:11 Ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад: "Дар замин фасод накунед", [ба дурӯғ] мегӯянд: "Мо албатта худ ислоҳгарем"
2:12 Огоҳ бошед! Онон [табаҳкор ва] муфсиданд, вале намефаҳманд
2:13 Ва вақте ба онон гуфта шавад: "Шумо низ ҳамчун мардум [-и боинсоф ва воқеъбин] имон оваред", мегӯянд: "Оё [интизор доред] ҳамчун камхирадон имон оварем"? Огоҳ бошед! [Маҳз худи] Ононанд, ки камхирад ҳастанд, вале намедонанд
2:14 Ва ҳангоме ки муъминонро мулоқот мекунанд, мегӯянд: "Мо [низ ҳамчун шумо] имон овардаем" ва ҳангоме ки бо васвасагарони шайтонсифати худ хилват мекунанд [дар танҳоӣ якҷо мешаванд], мегӯянд: "Мо бо шумо ҳастем ва фақат [онҳоро] масхара мекунем"
2:15 Аллоҳ таоло тамасхурашон мекунад ва дар туғёнашон саргашта нигаҳ медорад
2:16 Онон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро ба [баҳои] ҳидоят хариданд, пас, тиҷораташон суде надорад ва ҳидоятёфта набуданд.