>

Маркази тарҷумаи Равод — 299

18:46 Молу фарзандон зинати зиндагии дунёст ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] назди Парвардигорат подошаш беҳтар аст, умед доштан [ба савобаш] накутар

18:47 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат дармеоварем ва заминро ошкор [ва ҳамвор] мебинӣ ва ҳама [махлуқот]-ро ҷамъ мекунем ва ҳеҷ як аз ононро [ба ҳоли худ] раҳо намекунем

18:48 Ва [ҳамагӣ] сафкашида бар Парвардигорат арза мешаванд [ва ба онон мегӯянд:] «Бе тардид, чунон ки нахустин бор шуморо офаридем, [имрӯз низ танҳо ва побараҳна] назди Мо омадед; балки мепиндоштед, ки ҳаргиз ваъдагоҳе бароятон қарор намедиҳем»

18:49 Ва нома [-и аъмол дар миён] ниҳода мешавад; пас, гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чи дар он [нома] аст, тарсон ва нигаронанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ин чи номае аст, ки ҳеҷ [гуфтору рафтори] кучак ва бузургро раҳо накардааст, магар ин ки онро дар шумор овардааст?» Ва ҳар чи кардаанд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ касе ситам намекунад

18:50 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳама] саҷда карданд, магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар печид. Пас, [эй мардум] оё ба ҷойи Ман ӯ ва фарзандонашро дӯстон [-и худ] мегиред, ҳол он ки онон душманатон ҳастанд? Ситамгорон [-и мушрик барои Аллоҳ таоло] чи бад ҷойгузине доранд!

18:51 Ман ононро [ки мушрикона ба парастиш мегиред] на ҳангоми офариниши осмону замин ба гувоҳӣ гирифтам ва на ҳангоми офариниши худашон; ва ман ҳаргиз гумроҳгаронро ёру мададгори [хеш] нагирифтаам

18:52 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло [ба мушрикон] мефармояд: «Шариконеро, ки барои ман мепиндоштед, фаро бихонед [то шуморо аз азоб бираҳонанд]; пас, онҳоро мехонанд, вале посухашонро намедиҳанд; ва Мо дар миёни ин ду гурӯҳ маҳлакае [аз оташи дузах] қарор додаем

18:53 Ва гунаҳгорон оташ [-и дузах]-ро мебинанд ва ба яқин дармеёбанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҷо ҳеҷ роҳи бозгаште надоранд