Маркази тарҷумаи Равод — 298
18:35 Ва ӯ дар ҳоле ба боғи хеш дохил шуд, ки [ба хотири куфру ғурур] дар ҳаққи хеш ситамгор буд; [пас, ба дӯсташ рӯ оварда] гуфт: «Гумон намекунам, ки ин [боғ] ҳаргиз нобуд гардад
18:36 Ва гумон намекунам, ки қиёмат барпо гардад; ва агар [қиёмате дар кор бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгарданда шавам, ҳатман, ҷойгоҳе беҳтар аз ин меёбам»
18:37 Дӯсташ, ки бо вай гуфтугӯ мекард, ба ӯ гуфт: «Оё ба он касе, ки туро аз хок [ва] сипас аз нутфа офарид ва сипас туро марде [комил] сомон дод, кофир шудаӣ?
18:38 Аммо ман [мегӯям:] Ӯ Аллоҳ таоло парвардигори ман аст ва ҳеҷ касро бо Парвардигорам шарик намедонам
18:39 Вақте вориди боғат шудӣ, чаро нагуфтӣ, ҳар чи Аллоҳ таоло бихоҳад [ҳамон мешавад] ва ҳеҷ неруе ҷуз ба [таъйиди] Аллоҳ таоло нест? Агар мебинӣ ман аз назари молу фарзанд аз ту камтарам [муҳим нест]
18:40 Чи басо Парвардигорам [чизе] беҳтар аз боғи ту ба ман бидиҳад ва аз осмон чунон азобе [оташбор] бар боғат фурӯ борад, ки [табдил ба замин] бегиёҳи лағжандае гардад
18:41 Ё обаш дар [аъмоқи замин чунон] фурӯ равад, ки ҳаргиз натавонӣ ба он даст биёбӣ»
18:42 [Саранҷом азоби илоҳӣ фаро расид] Ва тамоми меваҳояшро дар бар гирифт [ва нобуд шуд]. Ва ӯ ба хотири харҷҳое, ки cарфи он ҷо карда буд, пайваста дастҳояшро [аз пушаймонӣ ва андӯҳ] бар ҳам мезад ва дар ҳоле ки дорбаст ва чуббандҳояш фурӯ рехта буд, мегуфт: «Эй кош [дар парастиш] касеро шарики Парвардигорам қарор надода будам»
18:43 Ва ӯ [ки ба хондани худ меболид, инак] гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва худ [низ] ёрикунандаи хеш набуд
18:44 Он ҷо [собит шуд, ки ёрӣ ва] корсозӣ аз они [Парвардигори] ҳақ аст. Ӯ подоши [ибодаташ] беҳтар аст ва саранҷоми [бандагони муъминаш] накутар
18:45 Ва [эй Паёмбар, фанопазирии] зиндагии дунёро ба обе масал бизан, ки аз осмон фурӯ фиристодем ва ба василаи он гиёҳи замин [сарсабз шуд ва] дар ҳам омехт; сипас [чунон] хушку шикаста шуд, ки бодҳо [ба ҳар сӯ] парокандааш мегардонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност