Маркази тарҷумаи Равод — 297
18:28 Ва худро [бар мусоҳибат] бо касоне ҳамроҳ [ва шикебо] гардон, ки Парвардигорашонро бомдод ва шомгоҳ мехонанд [ва бо он ки фақиранд, танҳо] ризояти Ӯро мехоҳанд; ва ҳаргиз чашмонатро аз онон барнагардон, то зеварҳои дунё [ва ҳамнишинӣ бо ашроф ва қудратмандон]-ро бихоҳӣ ва [ҳамчунин] аз касе пайравӣ накун, ки дилашро аз ёди хеш ғофил сохтаем ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ карда ва кораш табоҳ аст
18:29 [Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «[Ин Қуръон сухани] Ҳақ аст аз ҷониби Парвардигоратон; пас, ҳар ки мехоҳад, имон оварад ва ҳар ки мехоҳад, кофир шавад». Мо барои ситамгорон оташе омода кардаем, ки саропардаҳояш ононро аз ҳар сӯ фаро мегирад; ва агар [дар талаби об] фарёдрасе биҷӯянд, бо обе ҳамчун миси гудохта ба фарёдашон мерасанд; [обе, ки ҳарораташ] чеҳраҳоро бирён мекунад. Чи бад нушиданӣ ва чи бад ҷойгаҳе аст!
18:30 Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом додаанд [ба яқин, бидонанд, ки] Мо подоши касеро, ки кори накӯ карда бошад, ҳаргиз табоҳ намекунем
18:31 Ононанд, ки биҳиштҳои ҷовидонӣ доранд, ки [аз зери дарахтони] онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо бо дастбандҳои заррин ороста мешаванд ва ҷомаҳои [фохири] сабзранг аз ҳарири нозук ва ҳарири захим бар тан мекунанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд. Чи подоши шоиста ва чи наку ҷойгоҳе аст!
18:32 Ва [эй Паёмбар] барои онон мисоле бизан: ду мард [кофир ва муъмин], ки барои яке аз онон [ки кофир аст] ду боғи ангур қарор додем ва перомуни он ду [боғ]-ро бо дарахтони нахл пӯшонидем ва миёни он киштзоре [пурбор] ниҳодем
18:33 Ҳар ду боғ мева медод ва чизе аз он намекост; ва миёни он ду [боғ] наҳре бузург ҷорӣ кардем
18:34 Ӯ [соҳиби боғ] меваҳое [бисёр ва даромаде фаровон] дошт; пас, ба дӯсти худ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Сарвати ман аз ту бештар аст ва аз лиҳози хонавода [ва нафарон] аз ту тавонмандтарам»