Маркази тарҷумаи Равод — 296
18:21 Ва бад-ин гуна [мардуми он сарзамин]-ро аз ҳоли онон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ таоло [дар бораи ёрии муъминон ва барангехтани мурдагон] росту дуруст аст ва ин ки дар [фаро расидани] қиёмат тардиде нест. Ҳангоме ки [мардуми шаҳр] байни худ [дар бораи он ҷавонмардони мутаваффо] дучори ихтилоф шуданд, пас, гурӯҳе гуфтанд: «Деворе бар [вуруди] он [ғор] бисозед. Парвардигорашон ба ҳоли онон огоҳтар аст». Бархе дигар, ки [ноогоҳ буданд ва нуфузу] қудрат доштанд, гуфтанд: «[Ба нишонаи бузургдошт] Бар [ғори] эшон парастишгоҳе месозем»
18:22 [Дар бораи теъдодашон] Хоҳанд, гуфт: «Се нафар буданд ва чаҳорумини онон сагашон буд». Ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Панҷ нафар буданд ва шашумини онон сагашон буд» - [ки албатта] ҳама аз рӯи ҳадс ва гумон аст – ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Ҳафт нафар буданд ва ҳаштумини онон сагашон буд». Бигӯ: «Парвадигорам аз теъдоди онон огоҳтар аст [ва] ҷуз гурӯҳе андак теъдодашонро касе намедонад. Пас, дар бораи онон гуфтугӯе мухтасар [ва баҳсе ором ва гузаро] дошта бош ва дар бораи онон аз ҳеҷ кас суол накун
18:23 Ва ҳаргиз дар мавриди коре нагӯ: «Фардо онро анҷом медиҳам»
18:24 Магар ин ки [бигӯӣ] «Иншоаллоҳ»; ва ҳар гоҳ фаромӯш кардӣ, [бо гуфтани ин лафз] Парвардигоратро ёд кун ва бигӯ: «Умедворам Парвардигорам маро ба роҳе раҳнамун гардад, ки аз ин [роҳ] ба ҳидоят [ва салоҳ] наздиктар бошад»
18:25 Ва онон [асҳоби Каҳф] сесад сол дар ғорашон [дар ҳолати хоб] монданд ва нуҳ сол [низ] бар он афзуданд
18:26 [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло аз [муддати] монданашон [дар ғор] огоҳтар аст; ғайби осмонҳо ва замин аз они Ӯст. [Ба ростӣ, ки] Ӯ чи бино ва чи шунаво аст! Онон [ҷаҳониён] ба ҷуз Ӯ ҳеҷ [дӯсту] корсозе надоранд ва Ӯ ҳеҷ касро дар ҳукм [-у фармон]-и хеш шарик намесозад»
18:27 Ва [эй паёмбар] аз китоби Парвардигорат он чиро ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ кас тағйирдиҳандаи суханони Ӯ [Аллоҳ таоло] нест ва ҳаргиз паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ