Маркази тарҷумаи Равод — 295
18:16 Ва чун аз онон ва аз он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастанд, канорагирӣ кардед, пас, ба ғор паноҳ бибаред, то Парвардигоратон аз [сояи] раҳмати хеш бар шумо бигустаронад ва дар коратон [осоишу] кушоише падид оварад
18:17 Ва [эй Муҳаммад, агар он ҷо будӣ] хуршедро медидӣ, ки вақте тулуъ мекунад, ба самти рост [-и ғор] мутамоил мегардад ва вақте ғуруб мекунад, аз самти чапи онон дур мешуд [ва гармо озорашон намедод]; ва онон дар маҳалле густарда аз он [ғор] буданд. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таоло аст. Ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳаргиз дӯст [ва] роҳнамое барояш намеёбӣ
18:18 Ва [агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ] мепиндоштӣ, бедоранд; дар ҳоле ки [бо чашмони боз] хуфта буданд; ва Мо ононро ба паҳлуи росту чап мегардондем [то баданашон осеб набинад]; ва сагашон бар остонаи ғор [нишаста ва ба ҳолати посбонӣ] дастҳояшро кушода буд. Агар [нигоҳашон мекардӣ ва] аз ҳолашон огоҳ мешудӣ, ҳатман, [аз ваҳшат] фирор мекардӣ ва дилат аз тарси онон лабрез мешуд
18:19 Ва ҳамчунон [ки хобашон кардем] ононро [аз хоб] бедор намудем, то байни худ аз якдигар суол кунанд. Яке аз онон гуфт: «Чи муддат дар хоб мондед?» [Бақия] Гуфтанд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯз». [Саранҷом] Гуфтанд: «Парвардигоратон донотар аст, ки чи қадар [дар ин ҳолат] мондаед. Пас, [акнун] як нафар аз худатонро бо ин сикка[-ҳоя]-тон ба шаҳр бифиристед, то бубинад, кадом як аз [фурушандагони он ҷо косибӣ ва] ғизояш покизатар аст ва аз [назди] ӯ ғизое бароятон биёварад; ва бояд [дар рафтуомаду харид пинҳонкорӣ ва] зиракӣ намояд ва ҳеҷ касро аз [ҳоли] шумо огоҳ насозад
18:20 Бе тардид, агар онон [маконатонро бидонанд ва] бар шумо даст ёбанд, сангсоратон мекунанд ё шуморо ба оини хеш бозмегардонанд ва дар он сурат, ҳаргиз растагор нахоҳед шуд