Маркази тарҷумаи Равод — 294
18:5 На худашон ба ин [гуфтори нодуруст] илм [-у яқин] доранд на падаронашон. Сухани бисёр нописандест, ки аз даҳонашон берун меояд [ва] ҷуз дурӯғ намегӯянд
18:6 Пас, [эй Паёмбар] наздик аст, агар [қавмат ба ин сухан [Қуръон]] имон наёваранд, дар пайи [беимонии] онон худро [аз таассуф ва андӯҳ] ҳалок кунӣ
18:7 Дар ҳақиқат, Мо он чиро, ки рӯйи замин аст, зеваре барои он қарор додаем, то ононро биёзмоем, ки кадомашон накукортаранд
18:8 Ва Мо [пас аз поёни ҳаёт] он чиро, ки рӯйи замин аст, ба биёбоне хушк ва бегиёҳ табдил хоҳем кард
18:9 Оё пиндоштаӣ, ки [моҷарои] асҳоби Каҳф ва он сангнавишта [ки номашон бар он ҳак шуда буд] аз ҷумлаи нишонаҳои шигифтангез [ва ғайримумкини] Мо будааст?
18:10 Ҳангоме ки он ҷавонмардон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигоро, моро аз ҷониби хеш раҳмате арзонӣ дор ва дар кори [ҳиҷрати] мо бароямон ҳидоят ва наҷот фароҳам соз»
18:11 Пас, дар он ғор бар гӯшҳояшон то солиёни дароз [пардае аз сукуту оромиш] задем [то ба хоб раванд]
18:12 Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддатеро, ки [дар хоб] мондаанд, дурусттар ҳисоб кардааст
18:13 [Эй Паёмбар] Мо достони ононро, ба дурустӣ, бароят бозгӯ мекунем. Онон ҷавононе [шоиста] буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо [низ] бар ҳидояташон афзудем
18:14 Ва дилҳояшонро [бар имон] устувор сохтем, он гоҳ ки [дар баробари подшоҳи кофир] қиём карданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо парвардигори осмонҳо ва замин аст; ва ҳаргиз ҷуз ӯ маъбудеро намепарастем, ки он гоҳ [агар чунин кунем] сухане газофу нораво гуфтаем»
18:15 [Сипас ба ҳамфикронашон гуфтанд:] «Ин қавми мо [ки] ба ҷои Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] баргузидаанд, чаро далели ошкоре бар [ҳаққонияти] онон намеоваранд? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ баст [ва барояш шарик қоил шуд]?