Маркази тарҷумаи Равод — 293
17:105 Ва ин [Қуръон]-ро бар ҳақ нозил кардем ва бар ҳақ [ва бидуни ҳеҷ таҳрифу тағйире] нозил шуд; ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда нафиристодем
17:106 Ва Қуръон [-и гаронқадр]-ро бахш-бахш [ва ба мурур бар ту] нозил кардем, то онро бо диранг [ва оҳистагӣ] барои мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ [ва бар ҳасби рӯйдодҳои мухталиф] нозил кардем
17:107 [Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «[Чи] Ба он имон биёваред ё наёваред [фарқе ба ҳолатон надорад]. Бе тардид, касоне, ки қабл аз [нузули] он дониш [-и китобҳои осмонии пешинро] ёфтаанд, чун [оёти Қуръон] бар онон хонда шавад, саҷдакунон [ бар замин] меафтанд»
17:108 Ва мегӯянд: «Парвардигорамон поку муназзаҳ аст. Яқинан, ваъдаи Парвардигорамон анҷомшуданӣ аст»
17:109 Ва [он гоҳ] гирякунон бар [замин] меафтанд ва [тиловати Қуръон ва тадаббур дар оёташ] бар фурӯтаниашон меафзояд
17:110 Бигӯ: «Аллоҳ таоло»-ро бихонед ё «Раҳмон»-ро бихонед; ҳар кадомро, ки бихонед, накутарини номҳо барои Ӯст». Ва [эй Паёмбар] намозатро [ончунон] ба садои баланд нахон [ки мушрикон бишнаванд] ва онро [он қадр низ] оҳиста нахон [ки ҳатто асҳобат нашнаванд]; ва миёни ин [ду ҳолат] роҳе [миёна] биҷӯй
17:111 Ва бигӯ: «Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, ки фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳаргиз хору нотавон намегардад, ки [ниёз ба дӯст ва] корсоз дошта бошад» ва Ӯро бузург бидор; бузургдоште шоиста
18:1 Ҳамду сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки Қуръонро бар бандааш [Муҳаммад] нозил кард ва ҳеҷ гуна инҳирофе дар он қарор надод
18:2 [Китобе] Устувор то [кофиронро] аз азобе сахт аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] бим диҳад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки подоши накуе барояшон [дар пеш] аст
18:3 [Ҳамон биҳиште] ки ҷовидона дар он хоҳанд монад
18:4 Ва [низ] касонеро, ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде [барои худ] баргузида аст», бим диҳад