Маркази тарҷумаи Равод — 292
17:97 Ва ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз барояшон ба ҷуз Ӯ [Аллоҳ таоло] дӯстоне нахоҳӣ ёфт; ва ононро дар қиёмат нобино ва гунг ва ношунаво маҳшур мегардонем, [дар ҳоле ки] бар суратҳояшон [кашида мешаванд]; ҷойгоҳашон дузах аст [ки] ҳар гоҳ шуълааш фурӯ нишинад, шарорае бар онон меафзоем
17:98 Ин ҷазои онон аст; чаро ки оёти Моро инкор карданд ва гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офаринише ҷадид барангехта мешавем?»
17:99 Оё надонистанд Аллоҳро, ки осмонҳо ва заминро офарида аст, метавонад ҳаммонанди ононро биёфаринад ва барояшон аҷале таъйин кардааст, ки ҳеҷ тардиде дар он нест? Ва [-ле] ситамгорон ҷуз инкор [-и чизеро] напазируфтанд
17:100 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар шумо молики ганҷинаҳои [бахшишу] раҳмати Парвардигорам будед, [боз ҳам] аз бими харҷ кардан [ва тангдастӣ] аз инфоқ худдорӣ мекардед; ва инсон ҳамвора бахил [ва тангназар] аст»
17:101 Ва ба ростӣ, Мо нуҳ муъҷизаи равшан [-ро ба унвони нишонаҳои паёмбарӣ] ба Мӯсо додем; пас, аз Бани Исроил бипурс, он гоҳ ки [Мӯсо] наздашон омад ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, яқинан туро афсуншуда мепиндорам»
17:102 [Мӯсо] Гуфт: «Ту, ҳатман, медонӣ, ки инҳо [муъҷизот]-ро [касе] ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст. [Ин муъҷизот] Далоили равшан [дар бораи қудрату ягонагии Аллоҳ таоло ва ростгӯии паёмбараш ҳастанд]; ва, эй Фиръавн, ба ростӣ, ки туро ҳалокшуда [ва зиёндида] мепиндорам»
17:103 Пас, [Фиръавн] хост, ки онон [Бани Исроил]-ро аз он сарзамин берун кунад; ва[-ле Мо] ӯ ва тамоми касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ғарқ кардем
17:104 Ва пас аз [нобудии] ӯ ба Бани Исроил гуфтем: «Дар сарзамин [-и Шом] сокин шавед ва ҳангоме ки ваъдаи охират фаро расид, ҳамаи шуморо бо ҳам [ба сарои маҳшар] меоварем»