>

Маркази тарҷумаи Равод — 291

17:87 Вале [чунин накардем ва ин лутф ба хотири] раҳмате аз ҷониби Парвардигори туст. Бе тардид, ҳамвора бахшиши Ӯ бар ту бисёр аст

17:88 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар инсу ҷин [ҳамагӣ] ҷамъ шаванд, то ҳаммонанди ин Қуръонро биёваранд, [ҳаргиз] ҳаммонандашро нахоҳанд овард; ҳарчанд онон пуштибони якдигар бошанд»

17:89 Ва ба ростӣ, Мо дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар мисол [ва андарзу достон] овардем, вале бештари мардум [аз пазириши он] худдорӣ карданд [ва] ҷуз сари инкор надоштанд

17:90 Ва гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки аз замин [-и Макка] бароямон чашмае ҷорӣ кунӣ

17:91 Ё боғе аз нахл ва ангур дошта бошӣ ва миёни [дарахтони он] ҷӯйҳо равон гардонӣ

17:92 Ё чунончи иддао кардӣ, аз осмон пораҳое [аз азоб] бар сарамон бияфканӣ ё Аллоҳ таоло ва фариштагонро дар баробарамон ҳозир кунӣ [то ба ростгӯият гувоҳӣ диҳад]

17:93 Ё хонае [ороста аз тилло дошта бошӣ ё дар осмон боло равӣ; ва ҳаргиз боло рафтанатро бовар намекунем, магар он ки навиштае бар мо фуруд оварӣ, ки онро бихонем». Бигӯ: «Парвардигорам муназзаҳ аст. Оё ман ҷуз башаре фиристодашуда ҳастам?»

17:94 Ва [чизе] имон овардани мардум нашуд–он гоҳ ки ҳидоят барояшон омад–ҷуз ин ки гуфтанд: «Оё Аллоҳ таоло як инсонро ба паёмбарӣ барангехта аст?»

17:95 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дар замин [ба ҷойи инсон] фариштагоне буданд, ки [ҳамчун шумо] бо оромиш роҳ мерафтанд, ҳатман, аз осмон фариштаеро [аз ҷинси худашон ба унвони] паёмбар бар онон нозил мекардем»

17:96 Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ бошад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора [нисбат] ба бандагонаш огоҳ [ва] биност