Маркази тарҷумаи Равод — 290
17:76 Ва наздик буд [ки кофирон бо найранг ва душманӣ] туро аз сарзамин [-и Макка] баркананд, то аз он ҷо берунат кунанд ва [агар чунин мекарданд] дар он сурат онон [низ] пас аз ту ҷуз [замони] андаке намемонданд [ва гирифтори азоб мешуданд]
17:77 Ин [шеваи бархӯрд бо миллатҳои носипос] суннати [Мо дар бораи] паёмбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем; ва [ҳаргиз] дар суннати Мо [дигаргунӣ ва] тағйире намеёбӣ
17:78 Намозро аз заволи хуршед [ҳангоми зуҳр] то ниҳояти торикии шаб [нимаи шаб] бар по дор ва [ба вижа] намози субҳро. Ба ростӣ, ки намози субҳ [ва тиловати Қуръон дар ин вақт] мавриди мушоҳида [ва дар ҳузури фариштагони рӯзу шаб] аст
17:79 Ва [эй Паёмабр] посе аз шабро [аз хоб] бархез ва намоз бигузор. Ҳатман, [ин намози шаб] барои афзунии мақому мартабаи туст. Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме писандида [шафоат] барангезад
17:80 Ва бигӯ: «Парвардигоро, маро [дар ҳар коре] ба дурустӣ дохил намо ва ба дурустӣ хориҷ соз [чунон ки мавриди ризои туст]; ва аз ҷониби хеш барои ман [дар баробари душманонам] далеле ёрибахше қарор бидеҳ»
17:81 Ва бигӯ: «Ҳақ [ислом] омад ва ботил [ширк] нобуд шуд. Ба ростӣ, ки ботил нобудшуданӣ аст»
17:82 Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем ва [ин китоб] бар ситамгорони [мушрик] ҷуз зиён намеафзояд
17:83 Ва чун ба инсон неъмат [-и сарват ва саломатӣ] медиҳем, рӯй мегардонад ва [аз шукргузорӣ ва парастиш] дурӣ мекунад ва чун бадӣ [ва газанде] ба ӯ мерасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мегардад
17:84 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар кас тибқи равиши хеш [ва мутаносиб бо ҳидоят ё гумроҳияш] рафтор мекунад; ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе ҳидоятёфтатар аст»
17:85 Ва [эй Паёмбар, кофирон] аз ту дарбораи Рӯҳ мепурсанд; бигӯ: Рӯҳ аз [ҷумлаи умури ғайбӣ ва бархоста аз] фармони Парвардигори ман аст ва ба ҷуз андаке дониш ба шумо надодаанд»
17:86 Ва агар мехостем, ҳатман, он чиро ба ту ваҳй кардаем, [аз ёдат] мебурдем; он гоҳ дар баробари Мо барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёфтӣ [ки монеи фаромӯшиат гардад]