Маркази тарҷумаи Равод — 289
17:67 Ва он гоҳ ки дар дарё газанде ба шумо мерасад, ҳар киро [ба ҳоҷатхоҳӣ] мехонед, нопадид [ва фаромӯш] мегардад, магар [зоти поки] Ӯ; аммо вақте шуморо [аз хатари марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, [аз яктопарастӣ] рӯйгардон мешавед; ва инсон ҳамвора носипос аст
17:68 Оё [мепиндоред] аз ин ки [Аллоҳ таоло] шуморо дар канораи хушкӣ [дар замин] фурӯ барад ё тӯфони сахте ба сӯятон бифиристад [ва сангборонатон кунад] эмин шудаед? Он гоҳ барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёбед
17:69 Ё эмин аз ин шудаед, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тундбоде кӯбанда ба сӯятон бифиристад ва ба сазои куфратон шуморо ғарқ кунад? Он гоҳ барои худ дар баробари Мо ҳеҷ бозпурсе намеёбед [ки далели корамонро ҷӯё шавад]
17:70 Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё [бар васоили сафар] савор кардем ва аз анвои [неъматҳои] покиза ба онон рӯзӣ додем ва ононро бар бисёре аз мавҷудоте, ки офаридаем, бартарии бисёр бахшидем
17:71 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки ҳар гурӯҳеро бо пешвояшон фаро мехонем; пас, касоне, ки нома [и аъмол]-ашон ба [дасти] росташон дода мешавад, инон номаи худро [бо шодмонӣ] мехонанд ва кучактарин ситаме намебинанд; [ҳатто ба андозаи риштаи миёни ҳастаи хурмо]
17:72 Ва[-ле] касе, ки дар ин [дунё аз дидани ҳақ] нопайдо будааст, дар охират [низ] нобино ва гумроҳтар аст
17:73 [Эй Паёмбар] Наздик буд онҳо туро [бо васвасаҳои худ] аз он чи бар ту ваҳй кардаем, бифиребанд, то [алфозе] ғайр аз онро [ки ваҳй кардаем] ба дурӯғ ба Мо нисбат диҳӣ ва онгоҳ туро ба дӯстӣ бигиранд
17:74 Ва агар [Мо] туро собитқадам намекардем, ба ростӣ, наздик буд андаке ба онон гароиш биёбӣ
17:75 Дар он сурат, ҳатман, ду чандон [азоб дар ин] зиндагӣ ва ду чандон [пас аз] марг ба ту мечашондем ва он гоҳ барои хеш дар баробари мо ёваре намеёфтӣ