Маркази тарҷумаи Равод — 288
17:59 [Чизе] Моро аз фиристодани муъҷизот [дархости мушрикон] бознадошт, магар ин ки пешиниён онро дурӯғ пиндоштанд; ва Мо ба Самуд [қавми Солеҳ] он модашутурро ба унвони нишонаи равшан додем; пас, ба он ситам карданд ва Мо нишонаҳо [ва муъҷизот]-ро ҷуз барои бим додан [-и мардум] намефиристем.
17:60 Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ба ту гуфтем: «Яқинан, Парвардигорат бар мардум иҳота дорад»; ва он руъёеро, ки [дар шаби меъроҷ] ба ту намоёндем; ва [ҳамчунин] он дарахти лаънатшуда [-и зақум] дар Қуръонро ҷуз барои озмоиши мардум қарор надодем; ва Мо ононро бим медиҳем, вале ҷуз бар cаркашии бештарашон намеафзояд
17:61 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки [ӯро] аз гил офаридаӣ?»
17:62 [Ва] Гуфт: «Ба ман хабар бидеҳ, ин аст он ки бар ман [бартарӣ додӣ ва] гиромӣ доштӣ? Агар ба ман то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, фарзандонашро – ҷуз иддаи каме- [маҳорзада ва] решакан хоҳам кард»
17:63 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Бирав, ки ҳар як аз эшон аз ту пайравӣ кунад, пас, яқинан дузах подошатон хоҳад буд, ки подоше комил аст
17:64 Ва аз эшон ҳар киро тавонистӣ, ба овози худ барангез [ва ба сӯйи гуноҳ бикаш] ва ба саворону пиёдагонат бар онон бонг бизан [то олудаи гуноҳ гарданд] ва дар амволу фарзандон шарикашон шав ва ба онон ваъда[-ҳои воҳӣ] бидеҳ; ва[-ле] шайтон ба онон ваъда намедиҳад, магар ба фиреб
17:65 [Эй шайтон] Ту ҳаргиз бар бандагони ман тасаллуте нахоҳӣ дошт»; ва [эй Паёмбар] ҳамин бас, ки Парвардигорат [коргузору] нигаҳбони онон [муъминон] бошад
17:66 [Эй мардум] Парвардигори шумо касест, ки киштиро дар дарё бароятон ба ҳаракат дармеоварад, то аз фазлаш баҳраманд гардед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора нисбат ба шумо меҳрубон аст