Маркази тарҷумаи Равод — 287
17:50 Бигӯ: «[Ҳатто агар] Санг бошед ё оҳан
17:51 Ё [Ҳар] Офаридае, ки дар хотиратон бузург менамояд [боз ҳам Аллоҳ таоло метавонад шуморо зинда кунад]. Пас, хоҳанд гуфт: «Чи касе моро бозмегардонад?». Бигӯ: [Ҳамон Парвардигоре, ки] ки нахустин бор шуморо офарид». Он гоҳ сарҳояшонро [ба нишонаи нобоварӣ] муқобилат такон медиҳанд ва мегӯянд: «Он [ҳодиса] кай хоҳад буд?». Бигӯ: «Чи басо наздик бошад
17:52 Рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] шуморо [ба саҳрои маҳшар] фаро мехонад ва шумо бо сипосу ситоиш иҷобаташ мекунед ва мепиндоред, ки ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдаед»
17:53 Ва [эй Паёмбар] бандагонамро бигӯ бо беҳтарин [алфоз бо якдигар] суҳбат кунанд [ва аз баддаҳонӣ бипарҳезанд; чаро ки] бе тардид, шайтон миёнашон душманӣ меафканад. Ба ростӣ, ки шайтон барои инсон душмане ошкор аст
17:54 [Эй мардум] Парвардигоратон ба [аҳволи] шумо донотар аст; агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ё агар бихоҳад, азобатон мекунад; ва [эй Паёмбар] Мо туро [барои онон нигаҳбон ва] муроқиб нафиристодаем
17:55 Парвардигорат ба [ҳар чи ва] ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, донотар аст; ва ба ростӣ, [Мо] бархе паёмбаронро [бо афзунии пайравон ва додани китоб] бар бархе [дигар] бартарӣ бахшидем ва ба Довуд Забур додем
17:56 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Ӯ [маъбуд ва корсози хеш] пиндоштаед, фаро бихонед; пас, [хоҳед дид, ки] наметавонанд газандеро аз шумо дур кунанд ва на қодиранд, онро [сӯйи дигаре] бигардонанд»
17:57 Касонеро, ки онон мехонанд, худ [бо парастиш ва накукорӣ] василае [барои тақарруб] ба Парвардигорашон меҷӯянд [ва дар рақобатанд, то бидонанд] кадом як аз аз онон [ба парастиши Аллоҳ таоло] наздиктаранд ва ба раҳматаш умедворанд ва аз азобаш метарсанд; [чаро ки] бе тардид, азоби Парвардигорат ҳамвора шоистаи парҳез аст
17:58 Ва ҳеҷ шаҳре нест, ки магар ин ки [дар сурати нофармонӣ мардуми] онро пеш аз рӯзи қиёмат нобуд мекунем ё ба азобе сахт гирифтор месозем. Ин [кайфар] дар китоби илоҳӣ [Лавҳи Маҳфуз] сабт аст