Маркази тарҷумаи Равод — 286
17:39 Ин аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод
17:40 Оё [шумо мушрикон гумон мекунед, ки] Парвардигоратон [доштани] писаронро ба шумо ихтисос додааст ва худ аз [миёни] фариштагон духтароне баргирифтааст? Ба ростӣ, ки сухане бисёр бузург [ва нораво] мегӯед
17:41 Ва бе тардид, Мо дар ин Қуръон [аҳкому андарзҳоро бо шеваҳои] гуногун баён кардем, то [мардум] панд бигиранд; ва[-ле ин суханон] ҷуз дурӣ [аз ҳақ] бар онон намеафзояд
17:42 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар [бар фарзи маҳол] чунон ки [мушрикон] мегӯянд, бо Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] буд, дар ин сурат, онон [барои тақарруб ва касби хушнудии Парвардигор] ба сӯи [Аллоҳ таоло] соҳиби Арш роҳе меҷустанд»
17:43 Ӯ поку муназзаҳ аст ва аз он чи онон мегӯянд, басе бартар аст
17:44 Осмонҳои ҳафтгонаву замин ва ҳар ки дар онҳост, Ӯро ба покӣ меситоянд; ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад; вале шумо тасбеҳи ононро дарнамеёбед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора бурдбор [ва] омурзанда аст
17:45 Ва [эй Паёмбар] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва касоне, ки ба охират имон надоранд, пардае пӯшида қарор медиҳем
17:46 Ва бар дилҳояшон пӯшише қарор додем, то [паёми] онро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодем, то ҳақро нашнаванд]; ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, бо нафрат пушт мекунанд [ва мегурезанд]
17:47 Ва он гоҳ ки [кофирон] ба ту гӯш месупоранд, Мо беҳтар медонем, ки ба чи [манзур ва чи гуна] гӯш медиҳанд ва [низ] он гоҳ ки наҷво мекунанд [Мо аз суханонаншон огоҳем]; он гоҳ ки ситмакорон [-и мушрик ба мардум] мегӯянд: «Шумо ҷуз аз марди ҷодушудае пайравӣ намекунед»
17:48 Бингар, ки чи гуна бароят мисолҳо задаанд, пас, гумроҳ шуданд ва дар натиҷа наметавонанд роҳе [ба сӯйи ҳақ] бибаранд
17:49 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офариниши ҷадид барангехта мешавем?»