Маркази тарҷумаи Равод — 285
17:28 Ва агар ба умеди раҳмат ва [кушоиши рӯзӣ] аз ҷониби Парвардигорат [ба ночор] аз онон рӯй мегардонӣ, пас, ба эшон сухане нарм бигӯ
17:29 Ва [ҳаргиз] даст аз инфоқ набанд ва [низ] кушодадастии бисёр накун, ки маломатшуда ва ҳасратзада мегардӣ
17:30 Бе гумон, Парвардигорат [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар кӣ бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора ба [аҳволи] бандагонаш огоҳ ва биност
17:31 Ва фарзандонатонро аз бими тангдастӣ накушед. Мо ба эшон ва шумо рӯзӣ мебахшем. Яқинан куштани онҳо ҳамвора хатое бузург аст.
17:32 Ва ба зино наздик нашавед. Бе тардид, он [кор] бисёр зишту роҳе нописанд аст
17:33 Ва касеро, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед; ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, ба валии ӯ қудрат [ва ҳаққи қисос] додаем; пас, вай низ набояд дар [кайфари] қатл зиёдаравӣ кунад. Бе тардид, ӯ [валии дам] таҳти ҳимоя [-и Аллоҳ таоло ва шаръи муқаддас] қарор дорад
17:34 Ва ба моли ятим – ҷуз шевае, ки накутар аст – наздик нашавед, то он гоҳ ки ба ҳадди [рушд ва] булуғаш бирасад ва ба паймон [-и хеш] вафо кунед; чаро ки [аз шумо] дар бораи паймон пурсида хоҳад шуд
17:35 Ва ҳангоме ки [дар хариду фурӯш аҷносро] паймона мекунед, паймонаро комил [-у тамом] бидиҳед ва [онҳоро] бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар ва саранҷомаш накутар аст
17:36 Ва аз он чи дар борааш донише надорӣ, пайравӣ накун. Бе тардид, [дар қиёмат] гӯшу чашм ва дил аз ҳама инҳо бозхост хоҳад шуд
17:37 Ва дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ
17:38 Ҳамаи инҳо назди Парвардигорат нописанд аст.