Маркази тарҷумаи Равод — 284
17:18 Ҳар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад
17:19 Ва ҳар ки [зиндагии] охиратро бихоҳад ва барои [расидан ба] он бо ҷиддият бикӯшад ва муъмин бошад, пас, инонанд, ки аз талошашон қадрдонӣ хоҳад шуд
17:20 Ҳамаро - [хоҳ] ин гурӯҳи [бадкор] ва [ё] он гурӯҳи [накукор] - аз бахшиш [ва неъматҳои дунявии] Парвардигорат баҳраманд месозем ва бахшиши Парвардигорат [аз касе] манъ нашудааст
17:21 Бингар, ки чигуна бархе аз ононро [аз лиҳози молу мақом] бар бархи дигар бартарӣ додаем ва қатъан охират [дар муқоиса бо дунё] аз назари дараҷот, бузургтар ва аз лиҳози фазилат, бартар аст [пас муъмин бояд ба он иштиёқ варзад]
17:22 [Эй инсон, ҳаргиз ҳеҷ] Маъбуди дигареро бо Аллоҳ таоло [шарик] қарор надеҳ, ки накуҳида ва беёвар хоҳӣ монд
17:23 Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ
17:24 Ва аз рӯйи меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ ва тавозуатро барояшон фуруд ор ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар»
17:25 Парвардигори шумо ба он чи дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст. Агар шоиста бошед, яқинан Ӯ дар ҳаққи тавбакорон омурзанда аст
17:26 Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳим ба ҷой овар] ва тиҳидаст ва дарроҳмонда [-ро ёрӣ кун] ва ҳеҷ исрофкорӣ накун
17:27 Дар ҳақиқат, исрофкорон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ҳамвора носипос будааст