>

Маркази тарҷумаи Равод — 283

17:8 [Эй Бани Исроил агар тавба кунед] Умед аст, ки Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад ва агар [ба табоҳӣ] бозгаштед, Мо низ бозмегардем ва дузахро зиндони кофирон кардаем

17:9 Ба ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки барояшон подоше бузург [дар пеш] аст

17:10 Ва барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азобе дарднок муҳайё кардаем

17:11 Инсон [дар ҳангоми хашм, аз рӯи нодонӣ ва шитоб нафрин мекунад ва] бадиро металабад, ҳамон гуна ки некиро мехоҳад; ва инсон ҳамвора шитобзада аст

17:12 Шабу рӯзро ду нишона [-и қудрату ягонагии хеш] қарор додем; ва нишонаи шабро маҳв [ва тира] кардем ва нишонаи рӯзро ошкору равшан қарор додем, то аз Парвардигоратон рӯзӣ биҷӯед ва шумори солҳо ва ҳисоб [-и вақоеъ]-ро бидонед; ва ҳар чизеро ба тафсил баён кардем

17:13 Ва [сарнавишти] рафтори ҳар инсонеро [то лаҳзаи ҳисобрасӣ] дар гарданаш бастаем ва рӯзи қиёмат барояш навиштае берун меоварем, ки онро кушода мебинад

17:14 [Ба ӯ мегӯем] «Номаатро бихон. Кофӣ аст, ки имрӯз худ ҳисобгари хеш бошӣ»

17:15 Ҳар ки роҳ [-и рост] ёфт, ҷуз ин нест, ки ба суди хеш роҳ ёфтааст ва ҳар ки гумроҳ шуд, яқинан ба зиёни худ гумроҳ шудааст; ва ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро барнамедорад; ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад]

17:16 Ва чун бихоҳем, [мардуми] шаҳреро нобуд кунем, [нахуст] ба сарватмандони cаркаши он ҷо фармони] итоат аз Аллоҳ таоло ва пайравӣ аз паёмбарон] медиҳем, сипас вақте дар он ҷо ба фасод [ва мухолифат] бархостанд, ваъдаи [азоби илоҳӣ бар] он муҳаққақ мегардад; пас, ононро ба сахтӣ нобуд мекунем

17:17 Ва чи бисёр наслҳоеро, ки пас аз Нуҳ [зиндагӣ мекарданд] ҳалок кардем ва [ҳамин] кофӣ аст, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ [ва нисбат ба онон] биност