Маркази тарҷумаи Равод — 282
17:1 Поку муназзаҳ аст он [Парвардигоре] ки бандааш [Муҳаммад]-ро шабонгоҳ аз масҷиду-л-ҳаром ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо – ки перомунашро баракат додаем – сайр дод, то бархе аз нишонаҳои [қудрати] хешро ба ӯ бинмоёнем. Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои биност
17:2 Ва Мо ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва онро [мояи] ҳидояти Бани Исроил сохтем [ва фармудем], ки: «Ҷуз ман коргузоре [барои худ] барнагузинед»
17:3 Эй фарзандони касоне, ки бо Нуҳ [бар киштӣ] саворашон кардем, ба ростӣ ӯ [Нуҳ] бандае шукргузор буд
17:4 Ва дар китоби [Таврот] ба Бани Исроил ваҳй кардем, ки ҳатман, ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва ҳатман, саркашӣ [ва туғёни] бузурге хоҳед намуд
17:5 Пас, ҳар гоҳ ваъдаи нахустин аз он ду [бор] фаро расид, гурӯҳе аз бандагони бисёр неруманд [ва пайкорҷӯйи] худро бар шумо бармеангезем, то миёни хонаҳо [-ятон барои қатлу ғорати шумо] ба ҷустуҷӯ дароянд; ва ин ваъдаи анҷомшуданӣ [ва қатъӣ] буд
17:6 Он гоҳ [пас аз муддате] шуморо бар онон мусаллат мегардонем ва бо амволу фарзандон ёриатон мекунем, ва [теъдоди] нафароти шуморо бештар [аз душман] мегардонем
17:7 Агар [дар гуфтору рафтор] некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед; ва агар бадӣ кунед, [боз ҳам ба] худ кардаед. Пас, ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расид [душман ончунон хоратон месозад], ки осори ғаму андӯҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад ва ҳамон гуна ки бори нахуст ворид шуданд [ин бор низ ҳамла меоваранд], то ба Масҷид[-ул-ақсо] дохил шаванд ва то бар ҳар чи даст ёбанд, яксара нобуд кунанд