>

Маркази тарҷумаи Равод — 281

16:119 Он гоҳ Парвардигорат нисбат ба касоне, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ карданд ва сипас аз он [иштибоҳот] тавба намуданд ва дурусткорӣ карданд, ҳатман, Парвардигорат пас аз он омурзандаи меҳрубон аст

16:120 Бе гумон, Иброҳим пешвое фурӯтан дар баробари Аллоҳ таоло ва ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд

16:121 Ӯ шукргузори неъматҳои Аллоҳ таоло буд. [Аллоҳ таоло] Вайро баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят намуд

16:122 [Мо] Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва, ҳатман, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон аст

16:123 Сипас [эй Паёмбар] ба ту ваҳй кардем, ки аз оини Иброҳим пайравӣ кун, ки ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд

16:124 [Воҷиб будани бузургдошти рӯзҳои] Шанбе танҳо бар касоне қарор дода шуд, ки дар он ихтилоф карданд; ва, ҳатман, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард

16:125 [Эй Паёмбар, мардумро] Бо ҳикмат ва панди наку ба роҳи Парвардигорат даъват намо ва бо равише, ки накутар аст, бо онон [баҳсу] мунозира кун. Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуд, донотар аст ва ӯ ба [ҳоли] ҳидоятёфтагон [низ] донотар аст

16:126 Ва агар [шумо муъминон] хостед [душманонатонро] муҷозот кунед, пас, чунон муҷозот кунед, ки [онон] шуморо муҷозот кардаанд; ва агар [хештандорӣ ва] шикебоӣ кунед, [бидонед, ки] ҳатман, ин [кор] барои шикебоён беҳтар аст

16:127 Ва [эй Паёмбар] шикебоӣ пеша кун ва шикебоият ҷуз ба [ёрӣ ва] тавфиқи Аллоҳ таоло нест; ва бар онон [кофирон] андӯҳ махӯр ва аз найранге, ки меварзанд, дилтанг мабош

16:128 Бе тардид, Аллоҳ таоло бо касоне аст, ки парҳезкорӣ карданд ва касоне, ки накукоранд