Маркази тарҷумаи Равод — 280
16:111 [Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки ҳар кас дар ҳоле [ба пешгоҳи адли илоҳӣ] меояд, ки [танҳо] аз худ дифоъ мекунад; ва ҳар кас дар баробари он чи кардааст, бе каму кост подош мегирад ва бар онон ситам намеравад
16:112 Ва Аллоҳ таоло шаҳре [ҳамчун Макка]-ро мисол мезанад, ки амну ором буд ва рӯзиаш аз ҳар сӯ ба осонӣ ва фаровонӣ мерасид, вале [мардумонаш] нисбат ба неъматҳои илоҳӣ носипосӣ намуданд ва он гоҳ Аллоҳ таоло низ ба сазои он чи мекарданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба [аҳли] он чашонид
16:113 Ва паёмбаре аз худашон ба сӯйи онон омад, аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд; он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [ва мушрик] буданд, азоби [илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт
16:114 Пас аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиатон кардааст, ҳалолу покиза бихӯред ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред
16:115 Ҷуз ин нест, ки [Аллоҳ таоло] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шудааст, бар шумо ҳаром кардааст; пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷонаш ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, [бар ӯ гуноҳ нест, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
16:116 Ва [эй мушрикон] бо дурӯғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад, нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандед. Касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, ҳаргиз растагор намешаванд
16:117 [Натиҷаи дунёдӯстияшон] Баҳрае андак аст ва [дар охират] азобе дарднок [дар пеш] доранд
16:118 Ва бар яҳудиён он чиро пештар бар ту ҳикоят кардем, ҳаром намудем ва Мо ба онон ситам накардем; балки онҳо худ [буданд, ки дар натиҷаи нофармонӣ] ба хештан ситам мекарданд