>

Маркази тарҷумаи Равод — 28

2:182 Пас, касе, ки аз беадолатӣ [ва майли беҷойи] васияткунанда [нисбат ба ворисон] ё аз гуноҳи ӯ [дар васият ба кори хилоф] битарсад ва [бо ислоҳи васият] миёни онон [ворисон]-ро созиш диҳад, бар ӯ гуноҳе нест, [ки] ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

2:183 Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо воҷиб шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, низ воҷиб шуда буд; бошад, ки парҳезкор шавед

2:184 Рӯзҳои муайян [-ро рӯзадорӣ кунед], пас, ҳар кас аз шумо, ки бемор ё мусофир бошад, [ба андозаи он рӯзҳое, ки натавонистааст рӯза бигирад] теъдоде аз рӯзҳои дигар [-ро рӯза бигирад] ва бар касоне, ки тавоноии онро надоранд, лозим аст каффора бидиҳанд [ва он ба баробари ҳар рӯз] хӯрок додан ба як тиҳидаст аст ва ҳар ки ба майли худ [бештар] накуӣ кунад, он [афзунбахшӣ ба суди ӯст ва] барояш беҳтар аст ва агар [фазилати рӯзадориро] бидонед, рӯза бароятон беҳтар [аз рӯзахӯрӣ ва пардохти каффора] аст

2:185 Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]. Аллоҳ таоло [бо баёни ин аҳком] бароятон осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то [битавонед рӯзадорӣ дар моҳи рамазон]-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; бошад, ки шукр гузоред

2:186 Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро бихонад – иҷобат мекунам, пас, [онон фақат] бояд даъвати Маро бипазаранд ва ба Ман имон биёваранд; бошад, ки роҳ ёбанд