>

Маркази тарҷумаи Равод — 279

16:103 Ва яқинан медонем, ки онон мегӯянд: «Ҳатман, башаре [ин оётро] ба ӯ омӯзиш медиҳад». [На, чунин нест; зеро] забони касе, ки [ин] нисбатро ба ӯ медиҳад, ғайри арабӣ аст, ҳол он ки ин [Қуръон] ба забони арабии равшан аст

16:104 Яқинан, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон намеоваранд, Аллоҳ таоло ҳидояташон намекунад ва барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст

16:105 [Муҳаммад дурӯғгӯ нест, балки] Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон надоранд ва инон дурӯғгӯён [-и воқеӣ] ҳастанд

16:106 Ҳар ки баъд аз имонаш ба Аллоҳ куфр биварзад [гирифтори азоби илоҳӣ хоҳад шуд]; магар касе, ки [ба ин кор] водор шуда бошад ва[-ле] дилаш ба имон ором [ва устувор] бошад; аммо ҳар ки синаашро ба куфр кушода кард, хашми Аллоҳ таоло бар онон аст ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд

16:107 Ин [муҷозот] аз он рӯст, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ доданд; ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад

16:108 Инон касоне ҳастанд, ки [бар асари гуноҳонашон] Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшу чашмонашон муҳр ниҳодааст; ва инон ғофилон [-и воқеӣ] ҳастанд

16:109 Яқинан онон дар охират зиёнкоранд

16:110 Сипас Парвардигорат нисбат ба касоне, ки пас аз заҷр кашидан [аз озори мушрикон] ҳиҷрат карданд ва сипас ба ҷиҳод бархостанд ва шикебоӣ намуданд, Парвардигорат [нисбат ба онон] пас аз он [ҳама сахтиҳо], ҳатман, омурзандаи меҳрубон аст