Маркази тарҷумаи Равод — 278
16:94 Ва савгандҳоятонро василаи найранг [ва фиребгарӣ] миёни хеш қарор надиҳед, то мабодо [имонатон ба хатар афтад ва] гоме пас аз устувориаш билағжад ва ба сазои он ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштаед, [кайфари] ногуворе бичашед ва азобе бузург бароятон [дар пеш] бошад
16:95 Ва паймони Аллоҳро ба баҳои андак нафурӯшед. Агар бидонед, яқинан он чи назди Аллоҳ таоло аст, бароятон беҳтар аст
16:96 Он чи назди шумост, поён мепазирад ва[-ле] он чи назди Аллоҳ таоло аст, боқӣ [ва ҷовид] аст; ва, ҳатман, ба касоне, ки шикебоӣ кардаанд, аҷрашонро бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, хоҳем дод
16:97 Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем
16:98 Пас, [эй муъмин] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз [шарри] шайтони рондашуда ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар
16:99 Бе тардид, ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд [ҳеҷ] тасаллуте надорад
16:100 Тасаллути ӯ танҳо бар касонест, ки ӯро [дӯсту] корсози худ гирифтаанд ва [ҳамчунин бар] касоне, ки ба Аллоҳ таоло ширк меварзанд
16:101 Ва ҳангоме ки [ҳукми] оятеро ҷойгузини ояте [дигар] мекунем – ҳол он ки Аллоҳ таоло ба он чи нозил мекунад, донотар аст - [кофирон] мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] ҷуз ин нест, ки ту дурӯғбофӣ». [Чунин нест] Балки бештарашон [аз аҳкоми шаръ ва ҳикмати илоҳӣ чизе] намедонанд
16:102 Бигӯ: «Рӯҳу-л-қудус [Ҷабраил] онро аз ҷониби Парвардигорат бар ҳақ нозил кардааст, то касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам гардонад ва барои мусулмонон ҳидоят ва башорате бошад»