>

Маркази тарҷумаи Равод — 277

16:88 Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба [кайфари] он ки фасод мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем

16:89 Ва рӯзе [-ро ёд кун], ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онон мегирем [ки ба куфру имонашон гувоҳӣ диҳад] ва туро [эй Муҳаммад] бар инон гувоҳ мегирем; ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусулмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст

16:90 Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред

16:91 Ва чун бо Аллоҳ таоло [ё мардум] паймон бастед, ба он вафо кунед; ва савгандҳои худро пас аз муҳкам сохтанашон нашканед, дар ҳоле ки Аллоҳро бар [вафодории] хеш гувоҳ қарор додаед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед

16:92 Ва монанди он зан [-и нодоне] набошед, ки риштаи [пашмии тобидаи] хешро аз ҳам бозкушод [ва гусаст; пас, мабодо] савгандҳои худро василаи фиреби якдигар қарор диҳед [он ҳам танҳо] бад-ин сабаб, ки гурӯҳе [сарват ва] ҷамъияташон афзунтар аз дигаре аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло шуморо бо ин [кор] меозмояд ва яқинан рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон равшан месозад

16:93 Ва агар мехост, ҳамаи шуморо як уммат қарор медод, вале [бо адолати хеш] ҳар киро бихоҳад гумроҳ мекунад ва [бо фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят менамояд; ва шумо [рӯзи қиёмат], ҳатман, аз он чи мекардед, бозхост хоҳед шуд