Маркази тарҷумаи Равод — 276
16:80 Аллоҳ таоло барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат [ва оромиш] қарор дод ва аз пушти чаҳорпоён [низ] бароятон хонаҳое [хаймаҳое] қарор дод, то рӯзи кӯч кардан онҳоро сабук меёбед ва рӯзи иқомататон [низ барпоияш осон бошад]; ва аз пашму тибитҳо ва мӯйҳояшон то муддате муайян [бароятон] асоси [хона] ва асбоб [-у васоили зиндагӣ] фароҳам кард
16:81 Аллоҳ таоло аз он чӣ офарид, сояҳое бароятон фароҳам овардааст ва аз кӯҳҳо [низ роҳҳо ва] паноҳгоҳҳое бароятон қарор додааст ва бароятон ҷомаҳое падид овардааст, ки аз [сармо] ва гармо нигоҳатон медорад ва [зиреҳҳо ва] танпӯшҳое, ки шуморо дар ҷанг[-ҳоя]-тон ҳифз мекунад. Ӯ, инчунин, неъматашро бар шумо тамом мегардонад; бошад, ки [дар баробари тавҳид] таслим шавед [ва ширк наварзед]
16:82 Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон] рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту [фақат] паёмрасонии ошкор аст
16:83 [Онон] неъмати Аллоҳро мешиносанд; он гоҳ [боз ҳам] инкораш мекунанд ва бештарашон носипосу кофиранд
16:84 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе [барояшон] бармеангезем; он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, на иҷозат [-и сухан гуфтан] дода мешавад ва на аз эшон дархости пузиш мешавад
16:85 Ва касоне, ки ситам карданд, ҳангоме ки азоби [охират]-ро мебинанд; на азобашон сабук мешавад ва на муҳлат дода мешаванд
16:86 Онон, ки ширк варзиданд, вақте шарикони худро мебинанд, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд он шариконе, ки мо ба ҷойи ту мехондем» ва[-ле шарикон] сухани ононро рад мекунанд, ки: «яқинан шумо дурӯғгӯед»
16:87 Дар он рӯз дар баробари Аллоҳ таоло сари таслим меафкананд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати ғайри Аллоҳ таоло] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад