Маркази тарҷумаи Равод — 275
16:73 Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд
16:74 Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед
16:75 Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуе бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд
16:76 Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]
16:77 [Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
16:78 [Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред
16:79 Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст