Маркази тарҷумаи Равод — 274
16:65 Ва Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда кард. Ҳатман, дар ин амр барои мардуме, ки [сухани ҳақро] мешунаванд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
16:66 Ва [эй мардум,] дар [афзоиши] чаҳорпоён барои шумо ибрате аст: аз он чи дар шиками онҳост, аз миёни ғизоҳои ҳазмшуда ва хун шири холисе ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост
16:67 Ва [низ] аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур ҳам шароб [-и мастиовар] ва ҳам рӯзии наку [ва покиза] ба даст меоваред. Бе гумон, дар ин [амр] барои касоне, ки хирад меварзанд, нишонае [аз лутфу қудрати Парвардигор] аст
16:68 Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки: аз кӯҳҳо ва дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, [барои худ] хонаҳое баргир
16:69 Он гоҳ аз [шираи] тамоми меваҳо [ва гулҳо] бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона тай кун». Аз шиками онҳо шаҳде рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки меандешанд, нишонае [аз илму қудрати Парвардигор] аст
16:70 Ва Аллоҳ таоло шуморо офаридааст ва сипас ҷонатонро мегирад; ва бархе аз шумо ба фурӯтарини [даврони] умр [куҳансолӣ] мерасанд, чунончи пас аз донистани [бисёре чизҳо, дигар] чизе намедонанд [ва ҳамаро фаромӯш мекунанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло донову тавоност
16:71 Ва Аллоҳ таоло бархе аз шуморо бар бархе [дигар] дар [неъмату] рӯзӣ бартарӣ додаст; пас, касоне, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд, ки аз рӯзии худ ба бардагонашон бидиҳанд, то ҳамагӣ дар он [неъмату дороӣ] баробар шаванд. [Агар худ аз шарик безоранд, чаро барои Аллоҳ таоло шарик қарор медиҳанд?] Пас, оё [бо ин ширкварзӣ] неъмати Аллоҳро инкор мекунанд?
16:72 Ва Аллоҳ таоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?