Маркази тарҷумаи Равод — 273
16:55 То саранҷом ба он чӣ ба эшон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] бархӯрдор шавед, ки ба зудӣ [натоиҷи кирдоратонро] хоҳед донист
16:56 Ва [мушрикон] аз он чӣ рӯзишон кардаем, барои чизҳое, ки ҳеҷ фаҳме надоранд [бутҳо] саҳме қарор медиҳанд. Ба Аллоҳ таоло савганд, ки дар бораи он ифтиро, ки мебастед, ҳатман, бозхост хоҳед шуд
16:57 Ва [онон фариштагонро] духтароне барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд – Ӯ муназзаҳ аст – ва он чиро майл доранд [писарон] барои худашон [қарор медиҳанд]
16:58 Ва ҳар гоҳ яке аз ононро ба [таваллуди] духтаре башорат диҳанд, дар ҳоле ки хашмашро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андӯҳ] тира мешавад
16:59 Аз бадӣ [ва нороҳатии] он чӣ ба ӯ мужда додаанд, аз қавм [-и хеш] пинҳон мешавад [ва бо худ меандешад, ки] оё ӯро бо сарафкандагӣ нигаҳ дорад ё дар хок пинҳонаш кунад. Ҳон! Чи бад доварӣ мекунанд!
16:60 Сифати зишт [-и чаҳлу куфр] барои касонест, ки ба охират имон надоранд ва сифати бартар аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст
16:61 Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба хотири зулмашон бозхост мекард, ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намегузошт; вале [кайфари] ононро то замони муайян ба таъхир меандозад; ва чун аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд
16:62 Ва [мушрикон] он чиро хуш надоранд барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд ва забонашон [чунин] дурӯғ месозад, ки [расттагорӣ ва] накуӣ аз они эшон аст. Ҳаққо, ки оташ насибашон аст ва онон, ҳатман, аз пешгомон [-и дузах] ҳастанд
16:63 [Эй Паёмбар] Савганд ба Аллоҳ таоло, ки ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, [низ паёмбароне] фиристодем; пас, шайтон корҳояшонро барояшон орост; аз ин рӯ, имрӯз [низ дӯст ва] корсозашон ҳам ӯст ва барояшон азобе дарднок [дар пеш] аст
16:64 Ва [эй Паёмбар] ин китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки [ҳақиқати] он чиро, ки [мардум] дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ ва ҳидояту раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд