>

Маркази тарҷумаи Равод — 272

16:43 Ва [эй Паёмбар] Мо пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем, [касеро ба рисолат] нафиристодем; пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед

16:44 [Он паёмбаронро] Бо далоили равшан ва китобҳо[-и осмонӣ фиристодем]; ва [Мо ин] Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар эшон нозил шудааст, равшан созӣ; бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешанд

16:45 Оё касоне, ки бадандешӣ [ва тавтеа] карданд, [аз ин] эмин ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] ононро дар замин фурӯ барад ё азоби [илоҳӣ] аз ҷойе, ки намедонанд, [ба суроғашон] биёяд?

16:46 Ё [он ки] ба ҳангоми рафту омадашон [гиребони] ононро бигирад? Пас, онон монеъ [-и расидани азоб] нестанд

16:47 Ё [он ки азоби илоҳӣ] дар ҳоле ки [аз он] метарсанд, гиребонгирашон шавад? Пас, бе тардид, Парвардигоратон дилсӯзи меҳрубон аст [ки дар муҷозотатон шитоб намекунанд]

16:48 Оё онон ба чизҳое [ҳамчун дарахтон ва кӯҳҳо], ки Аллоҳ таоло офарида аст, наменигаранд, ки [чи гуна бо ҳаракати хуршеду моҳ] сояҳояшон аз росту чап мегустурад ва дар ҳоле барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд, ки [дар баробараш] хоксоранд?

16:49 Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст – аз ҷунбандагону фариштагон - [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда меоваранд ва гарданкашӣ намекунанд

16:50 [Фариштагон] Аз Парвардигори хеш, ки [ба зот ва ғалаба ва қудраташ] болои онон аст, метарсанд ва он чӣ фармон дода мешаванд, ҳамон мекунанд

16:51 Ва Аллоҳ таоло фармуд: «Ду маъбуд [-ро барои худ ба парастиш] нагиред. Ҷуз ин нест, ки [маъбуди шумо] ҳамон Аллоҳи яктост; пас, танҳо аз ман парво кунед»

16:52 Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва парастишу фармондорӣ [низ] ҳамеша ва пайваста барои Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ таоло парво мекунед?

16:53 Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ таоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед

16:54 Сипас вақте он газандро аз шумо бартараф сохт, он гоҳ гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд