>

Маркази тарҷумаи Равод — 271

16:35 Ва касоне, ки ширк варзиданд, гуфтанд: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ва на падаронамон чизеро ғайр аз Ӯ намепарастидем ва чизеро ҷуз ба [хосту фармони] Ӯ ҳаром намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ чунин карданд; пас, оё паёмбарон вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] доранд?

16:36 Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ таоло] дурӣ кунед». Пас, Аллоҳ таоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд. Пас, дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст

16:37 [Эй Паёмбар] ҳар андоза бар ҳидояти онон муштоқ бошӣ, [суде надорад, зеро] Аллоҳ таоло касеро, ки гумроҳ намояд, ҳидоят нахоҳад кард ва онон [ҳеҷ] ёваре надоранд

16:38 [Мушрикон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки: «Аллоҳ таоло касеро, ки мемирад, барнамеангезад». Оре, ин [барангехтани мурдагон] ваъдаест, ки бар ҳақ бар уҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд

16:39 [Ӯ мурдагонро зинда мекунад] То саранҷоми [ҳақиқати] он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд, барояшон равшан созад ва то касоне, ки куфр варзиданд, бидонанд, ки дурӯғгӯ будаанд.

16:40 Сухани Мо дар бораи чизе, ки иродаашро кардаем, фақат ин аст, ки ба он мегӯем: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад

16:41 Ва касоне, ки дар [роҳи] Аллоҳ таоло – пас аз он ки мавриди ситам воқеъ шуданд – ҳиҷрат карданд, дар дунё [дар сарзамин ва] маконе наку ононро ҷой медиҳем; ва яқинан подоши охират бузургтар аст. Агар [онон, ки аз ҳиҷрат худдорӣ карданд, подоши ин корро] медонистанд, [ҳаргиз аз ҳиҷрат бознамемонданд]

16:42 [Муҳоҷирон дар роҳи Аллоҳ таоло] касоне [ҳастанд], ки шикебоӣ намуданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд