>

Маркази тарҷумаи Равод — 268

16:7 [Онҳо] Борҳои сангини шуморо [аз шаҳре] ба шаҳре мебаранд, ки [агар чунин намекарданд] ҷуз бо заҳмат додан ба бадани хеш наметавонистед ба он ҷо бирасед. Ба ростӣ, ки Парвардигоратон дилсӯзу меҳрубон аст

16:8 Ва аспону шутурон ва харонро [низ офарид] то бар онҳо савор шавед ва [низ бароятон мояи] таҷаммул [аст] ва чизҳое меофаринад, ки намедонед.

16:9 Бар Аллоҳ таоло аст, ки роҳи рост [ ислом]-ро [ба бандагонаш бинамояд] ва бархе аз он [роҳҳо] бероҳа аст; ва агар [Аллоҳ таоло] мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард

16:10 Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ фиристод, ки ошомидании шумо аз он аст ва [гиёҳ ва] дарахте, ки [чаҳорпоёни худро] дар он мечаронед, [низ] аз он [об] аст

16:11 [Аллоҳ таоло] Ба василаи он кишт ва зайтун ва дарахтони хурмо ва ангур ва ҳама навъ меваҳо[-и гуногун] бароятон мерӯёнад. Ба ростӣ, ки дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст

16:12 Ва шабу рӯз ва хуршеду моҳро ба хидмататон гумошт; ва ситорагон [низ] ба фармонаш дар хидмат [-и инсон] ҳастанд. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои мардуме, ки хирадварзӣ мекунанд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст

16:13 Ва он чиро, ки бароятон дар замин ба рангҳои гуногун офарид [низ ба хидмати шумо гумошт]. Бе тардид, дар ин [умур] барои мардуме, ки панд мегиранд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст.

16:14 Ӯст, ки дарёро ба хидмататон гумошт, то аз [сайди] он гӯшти тоза бихӯред ва аз он зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон] берун меоваред, ки мепӯшед; ва киштиҳоро дар он [дарё] мебинӣ, ки [амвоҷро] мешикофанд, то шумо аз фазл [-у бахшиши] Аллоҳ таоло баҳраманд гардед ва бошад, ки сипос гузоред