Маркази тарҷумаи Равод — 267
15:91 Ҳамон касоне, ки Қуръонро [ба] бахшҳо [-е ҳамчун шеъру пешгӯӣ ва ҷоду тақсим] карданд
15:92 Пас, савганд ба Парвардигорат, ҳатман, [дар қиёмат] аз ҳамаи онон суол хоҳем кард
15:93 Аз он чи мекарданд
15:94 Пас, [эй Паёмбар] он чи [-ро, ки аз сӯйи Аллоҳ таоло] дастур ёфтаӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯ бигардон
15:95 Бе тардид, Мо [шарри] масхаракунандагонро аз ту дур мекунем
15:96 Онон, ки [барои худ] бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медиҳанд, пас, ба зудӣ [натиҷаи ширки хешро] хоҳанд донист
15:97 Ва [эй паёмбар] яқинан, Мо медонем, ки ту аз он чи онон [кофирон] мегӯянд, озурдахотир мегардӣ
15:98 Пас, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз саҷдакунандагон бош
15:99 Ва то ҳангоме ки маргат фаро мерасад, Парвардигоратро парастиш кун
16:1 [Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст
16:2 [Аллоҳ таоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ таоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [баҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед»
16:3 Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва ҳадафманд] офарид [ва] аз он чи [бо вай] шарик месозанд, бартар аст
16:4 [Аллоҳ таоло] Инсонро аз нутфае офарид ва он гоҳ ӯ ситезагари ошкор шуд
16:5 Ва чаҳорпоёнро бароятон офарид, ки дар онон пӯшиш [-и гарм] ва манофеъ [-и дигаре] аст ва аз [гӯшти бархе аз] онон мехӯред
16:6 Ва дар онҳо бароятон зебоӣ [ва шукӯҳ] аст, он гоҳ ки [онҳоро шомгоҳон] аз чаро бозмеоваред ва [бомдодон] барои чаро [ба саҳро] мефиристед