Маркази тарҷумаи Равод — 266
15:71 [Лут] Гуфт: «Агар мехоҳед, [коре ҳалол] анҷом диҳед, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд [бо эшон издивоҷ кунед]»
15:72 Савганд ба ҷони ту [эй паёмбар], ки онон дар мастии хеш саргашта буданд
15:73 Пас, ҳангоми баромадани офтоб бонги [маргбор] ононро фаро гирифт
15:74 Он гоҳ он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем
15:75 Ба яқин, дар ин [кайфар] барои ҳушёрон ибратҳост
15:76 Ва он [шаҳрҳои вайрона ҳанӯз] бар сари роҳи [мусофирон] побарҷост.
15:77 Яқинан, дар ин [азоб] нишонаҳое барои [ибрат гирифтани] муъминон аст
15:78 Ва асҳоби Айка [қавми Шуайб], ҳатман, ситамгор буданд
15:79 Пас, [Мо] аз онон интиқом гирифтем ва [шаҳрҳои вайроншудаи] ин ду [қавм] бар сари роҳ ошкор аст
15:80 Ва бе тардид, аҳли Ҳиҷр [қавми Самуд] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
15:81 Ва [Мо муъҷизот ва] нишонаҳои худро ба онон додем, ва [-ле] аз онҳо рӯйгардон шуданд
15:82 Ва аз кӯҳҳо хонаҳое [барои худ] метарошиданд, ки дар амон бимонанд
15:83 Пас, субҳгоҳон бонг [-и маргбор] ононро фаро гирифт
15:84 Ва он чи [аз амволу хонаҳои маҳкам] ба даст оварда буданд, суде ба ҳолашон надошт [ва азоби илоҳиро дафъ накард]
15:85 Ва Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наофаридаем ва қиёмат ҳатман, омаданӣ аст, пас, [эй паёмбар аз кофирон] ба накуӣ гузашт кун.
15:86 Бе тардид, Парвардигорат ҳамон офаринишгари доност.
15:87 Ва ба ростӣ, Мо ба ту [сабъу-л-масонӣ» [сураи Фотиҳа] ва Қуръони бузургро додем
15:88 [Бинобар ин] Ҳаргиз ба он чи [аз неъматҳои дунявие], ки гурӯҳҳое аз онон [кофирон]-ро баҳраманд кардаем, чашм надӯз ва ба хотири [носипосӣ ва ширки] онон андуҳгин мабош ва бо муъминон фурӯтанӣ кун
15:89 Ва бигӯ: «Ба ростӣ, ки ман ҳамон бимдиҳандаи ошкорам»
15:90 [Ва ононро аз азоб битарсон] Ҳамон гуна ки [онро] бар тақсимкунандагон [-и оёти илоҳӣ] фиристодем