>

Маркази тарҷумаи Равод — 265

15:52 Ҳангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем»

15:53 Онон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем»

15:54 [Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»?

15:55 Онон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош»

15:56 [Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»?

15:57 [Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»?

15:58 Онон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем]

15:59 Ба ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод

15:60 Магар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад»

15:61 Пас, ҳангоме ки фариштагон [-и Аллоҳ таоло ба шакли инсон] назди хонадони Лут омаданд

15:62 [Ӯ] Гуфт: «Шумо гурӯҳе ношинос ҳастед»

15:63 [Фариштагон] Гуфтанд: «Балки мо ҳамон чизеро бароят овардаем, ки [ин мардуми гунаҳгор] дар борааш тардид мекарданд [нузули азоб]

15:64 Ва мо бароят [хабари ҳақиқӣ ва] рост овардаем ва ҳатман, мо ростгӯем

15:65 Пас, посе аз шаб [ки гузашт] хонаводаатро бо худ [аз ин ҷо] бибар ва [худат] ба дунболашон бирав ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад ва ба ҷойе, ки ба шумо фармон медиҳанд, биравед»

15:66 Ва Мо ӯ [Лут]-ро аз ин амр огоҳ кардем, ки субҳгоҳон решаи онон канда хоҳад шуд

15:67 Ва аҳли шаҳр, дар ҳоле ки [дар бораи омадани афроди ҷадид] бо шодӣ [ба якдигар] хабар медоданд, [ба сӯйи хонаи Лут] омаданд

15:68 [Лут] Гуфт: «Инҳо меҳмонони ман ҳастанд, пас, маро расво [ва шармандаи меҳмононам] накунед

15:69 Ва аз Аллоҳ таоло битарсед ва саршикастаам насозед»

15:70 [Онон] Гуфтанд: «Магар мо туро аз [мизбонии] афроди [ғариб] наҳй накардем»?