>

Маркази тарҷумаи Равод — 264

15:32 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чаро ту бо саҷдакунандагон [ҳамроҳ] нестӣ»?

15:33 [Иблис] гуфт: «Ман он нестам, ки барои башаре, ки ӯро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридаӣ саҷда кунам»

15:34 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз он ҷо [биҳишт] берун шав, [ки] бе тардид, ту [аз боргоҳи Мо] рондашудаӣ

15:35 Ва яқинан, то рӯзи қиёмат бар ту лаънат хоҳад буд»

15:36 [Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ [ва намирон]»

15:37 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Бирав, ки] Яқинан, ту аз муҳлатёфтагонӣ

15:38 То рӯзи он вақти маълум [ки тамоми махлуқот бо нафхаи нахуст мемиранд]»

15:39 [Ӯ] Гуфт: «Парвардигоро, ба сабаби он ки маро гумроҳ сохтӣ, дар замин [бадиҳоро] дар назарашон нек ҷилва медиҳам ва ҳамаи ононро ба гумроҳӣ мекашонам

15:40 Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»

15:41 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ин [ихлос] роҳи мустақимест [ки ба Ман мерасад]

15:42 Яқинан, ту бар бандагонам тасаллуте надорӣ, магар [бар он мушрикон ва] гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд

15:43 Ва бе тардид, дузах ваъдагоҳи ҳамаи онон аст

15:44 [Дузах] Ҳафт дар дорад [ва] барои ҳар даре гурӯҳе аз онон тақсим [ва мушаххас] шудаанд»

15:45 Яқинан, парҳезгорон дар боғҳо [-и биҳишт] ва дар [канори] чашмаҳо ҳастанд

15:46 Ҳангоми вуруд ба онон гуфта мешавад] «Ба саломат ва эминӣ ба он [боғҳо] ворид шавед»

15:47 Он чи дар дилҳояшон аз кина [ва ҳасад] аст, бармеканем, бародарона бар тахтҳо рӯбарӯйи якдигаранд

15:48 Дар он ҷо на ранҷе ба онон мерасад ва на аз он ҷо берун ронда мешаванд

15:49 [Эй Паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам

15:50 Ва ин ки азоби ман азобе дарднок аст

15:51 Ва аз меҳмонони Иброҳим [низ] ба онон хабар бидеҳ