>

Маркази тарҷумаи Равод — 262

15:1 Алиф, лом, ро.[1] Ин оёти китоб [-и илоҳӣ] ва Қуръони равшангар аст

15:2 Чи басо кофирон [ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо азоби қиёмат] орзу кунанд, ки кош мусулмон буданд

15:3 Бигузор бихӯранд ва [аз лаззатҳои дунё] баҳраманд бошанд ва орзуҳо [-и моддӣ] саргармашон созад, пас, ба зудӣ хоҳанд донист

15:4 Мо [сокинони] ҳеҷ [шаҳру] диёреро ҳалок накардем, магар ин ки [муҳлат ва] аҷале муайян доштанд

15:5 Ҳеҷ уммате аз аҷали [муқаррарии] худ на пешӣ мегирад ва на [аз он] ақиб мемонад

15:6 [Кофирон] гуфтанд: «Эй касе, ки [иддао мекунӣ] Қуръон бар ту нозил шудааст, яқинан девонаӣ

15:7 Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро наздамон намеоварӣ [то дар бораи паёмбариат гувоҳӣ диҳанд]»?

15:8 [Бояд бидонанд, ки] Мо фариштагонро ба ҳақ [ва фақат дар ҳангоми азоби кофирон] нозил мекунем ва [агар барои азобашон нозил шаванд] дигар муҳлате намеёбанд

15:9 Ба ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем

15:10 [Эй Паёмбар] пеш аз ту низ [фиристодагони худро] миёни гурӯҳҳои пешин фиристодем

15:11 Ҳеҷ паёмбаре наздашон намеомад, магар он ки масхарааш мекарданд

15:12 Инчунин он [такзиб ва тамасхур]-ро дар дилҳои гунаҳгорон [кофирон] роҳ медиҳем

15:13 Онон ба он [Қуръон] имон намеоваранд ва шеваи [Аллоҳ таоло дар муҷозоти] пешиниён [низ чунин] рафтааст [ки ононро бо азобе дарднок ҳалок намояд]

15:14 Ва [ҳатто] агар даре аз осмон ба рӯйи онон мекушодем, то пайваста дар он боло раванд [ва шигифтиҳои малакутро бубинанд]

15:15 Яқинан, боз ҳам мегуфтанд: «Бе тардид, моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо гурӯҳе ҷодушудаем»