>

Маркази тарҷумаи Равод — 261

14:43 Дар ҳоле ки [ба сӯйи мунодии маҳшар] шитобонанд ва сарҳоро боло гирифтаанд [ва бо беқарорӣ ба осмон менигаранд] ва чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон [аз ваҳшат] тиҳӣ гаштааст

14:44 Ва [эй Паёмбар] мардумро аз рӯзе битарсон, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, пас, онон, ки [бо куфру ширк ба хеш] ситам кардаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, андаке ба мо муҳлат бидеҳ, то [ба дунё бозгардем ва] даъвататро посух гӯем ва аз паёмбарон пайравӣ кунем. [Гуфта шавад] «Шумо набудед, ки пештар савганд мехӯрдед, ки шуморо фаное нест»?

14:45 Ва [магар на ин аст, ки] дар хонаҳои касоне, ки [бо ширку носипосӣ] ба хештан ситам карда буданд [қавми Ҳуд ва Солеҳ] сокин шудед ва бароятон равшан шуд, ки [чун куфр варзиданд] бо онон чи гуна рафтор кардем ва [аз саргузашти пешиниён] бароятон масалҳо задем [вале боз ҳам панд нагирифтед]

14:46 Ва онон ниҳояти найранги худро [барои мухолифат бо паёмбар ва куштани ӯ] ба кор бурданд ва макрашон назди Аллоҳ таоло [ошкор] аст, ҳарчанд найрангашон [чунон заиф аст, ки] наметавонад кӯҳҳоро аз ҷой бардорад

14:47 Пас, ҳаргиз мапиндор, ки Аллоҳ таоло ваъдаи хешро [дар бораи пирӯзии ҳақ] бо паёмбаронаш хилоф мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст

14:48 Дар он рӯз [ин] замин ба замине дигар ва осмонҳо [ба осмонҳои дигар] табдил мешаванд ва [мардум] дар муқобили Аллоҳи ягонаи пирӯзманд зоҳир мегарданд

14:49 Ва гунаҳгоронро дар он рӯз мебинӣ, ки дар занҷирҳо баста шудаанд

14:50 Ҷомаҳояшон аз қири гудохта аст ва оташ суратҳояшонро мепӯшонад

14:51 То Аллоҳ таоло ҳар киро ба [сазои] он чи кардааст, кайфар диҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

14:52 Ин [Қуръон] паёме расо барои мардум аст [то ба василаи он ҳидоят шаванд] ва бо он ҳушдор ёбанд ва бидонанд, ки Ӯ маъбуде яктост ва то хирадмандон панд гиранд