Маркази тарҷумаи Равод — 260
14:34 Ва аз ҳар он чи аз ӯ хостед, ба шумо бахшид ва агар неъмати Аллоҳро бишморед, [чунон фаровон аст, ки] наметавонед онро шумориш кунед. Ба ростӣ, ки инсон, [дар ҳаққи хеш] ситамгор [ва нисбат ба Аллоҳ таоло] носипос аст
14:35 Ва [ёд кун аз] Иброҳим ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, ин шаҳр [Макка]-ро амн бигардон ва ману фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур бидор
14:36 Парвардигоро, ба ростӣ, ки онҳо [бутҳо] бисёре аз мардумро [бо тасаввури шафоат] гумроҳ сохтаанд, пас, ҳар ки [дар яктопарастӣ] аз ман пайравӣ кунад, яқинан, аз ман аст ва ҳар ки аз ман нофармонӣ кунад, пас, бе тардид, ту омурзандаи меҳрубонӣ
14:37 Парвардигоро, ман бархе фарзандонам [Исмоил ва хонадонаш]-ро дар замини беобу кишт назди хонаи муҳтарам [-у шукӯҳманд]-и Ту ҷой додам. Парвардигоро, [чунин кардам] то намоз барпо доранд, пас, дилҳои бархе аз мардумро чунон кун, ки ба сӯйи онон [ва ин сарзамин] мутамоил гардад ва ба эшон аз маҳсулоти [мавриди ниёзашон] рӯзӣ бибахш, бошад, ки сипос гузоранд
14:38 Парвардигоро, ту он чиро, ки пинҳон мекунему ошкор месозем, [ҳамаро] медонӣ ва чизе дар замину осмон аз Аллоҳ таоло пӯшида нест
14:39 Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки дар куҳансолӣ Исмоил ва Исҳоқро ба ман ато фармуд. Бе тардид, Парвардигорам шунавандаи дуост
14:40 Парвардигоро, маро барподорандаи намоз қарор бидеҳ ва аз фарзандонам [низ чунин кун]. Парвардигоро, дуоямро бипазир
14:41 Парвардигоро, ман ва падару модарам ва [ҳамаи] муъминонро рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз»
14:42 Ва [эй Паёмбар, ҳаргиз] мапиндор, ки Аллоҳ таоло аз он чи ситамгорон мекунанд, ғофил аст. [На, балки кайфари] ононро барои рӯзе ба таъхир меафканад, ки чашмҳо дар он [аз ваҳшат] хира мешаванд