>

Маркази тарҷумаи Равод — 26

2:170 Ва ҳангоме ки ба онон [кофирон] гуфта шавад: "Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед", мегӯянд: [На] Балки мо аз чизе пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем. Оё агар падаронашон [аз ҳақиқат] чизе нафаҳмидаву ҳидоят наёфта бошанд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунанд]!?

2:171 Масали [даъвати ту – эй Муҳаммад – барои ҳидояти ин] кофирон ҳамчун касест, ки чаҳорпоеро садо мезанад, ки ҷуз садо ва овозе намешунавад. [Ин кофирон дар рӯёрӯӣ бо ҳақ] кару лолу кӯр ҳастанд, аз ин рӯ, намеандешанд

2:172 Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва шукри Аллоҳро ба ҷо оваред, агар танҳо Ӯро мепарастед

2:173 [Аллоҳ таоло] Танҳо мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад, бар шумо ҳаром кардааст. Пас, ҳар ки [ барои ҳифзи ҷони худ ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, бар ӯ гуноҳе нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст

2:174 Касоне, ки он чиро Аллоҳ таоло дар китоби [Таврот дар бораи нубуввати Муҳаммад] нозил кардааст, китмон мекунанд ва онро [барои касби молу мақоми дунё] ба баҳои андаке мефурӯшанд [дар ҳақиқат] ҷуз оташ дар шикамҳояшон фурӯ намебаранд ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва [аз палидии гуноҳ] покашон намекунад ва азоби дардноке хоҳанд дошт

2:175 Инон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро ба [баҳои] ҳидоят ва азобро ба [баҳои] омурзиш хариданд, пас, бар оташи [дӯзах] чи шикебо ҳастанд!

2:176 Ин [муҷозот бар китмони ҳақ] ба хотири он аст, ки Аллоҳ таоло китоб [-ҳои осмони]-ро ба ҳақ нозил кардааст ва касоне, ки дар он ихтилоф карданд, [аз ҳақиқат] бисёр дуранд