Маркази тарҷумаи Равод — 259
14:25 Меваашро ҳар лаҳза ба фармони Парвардигораш медиҳад ва Аллоҳ таоло [барои ҳидояти мардум] масалҳо мезанад, бошад, ки панд гиранд
14:26 Ва масали калимаи палид [ширк] ҳамчун дарахти палидест, ки аз замин барканда шуда [ва ҳеҷ] қарору суботе надорад
14:27 Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад ва ситамгарон [-и мушрик]-ро гумроҳ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад мекунад
14:28 Оё надидӣ он касоне [аз Қурайш]-ро, ки [сипоси] неъмати Аллоҳ таоло [Ҳарами амн ва вуҷуди паёмбар]-ро ба [носипосӣ ва] куфр бадал карданд ва қавмашонро ба сарои ҳалок дароварданд?
14:29 [Он сарои ҳалок] Дузах аст, [ки] дар он ворид мешаванд ва чи бад ҷойгоҳест!
14:30 [Мушрикон] Барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор додаанд, то [мардумро] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунанд. Бигӯ: «[Чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] Баҳра гиред, пас, яқинан бозгаштатон ба сӯйи оташи [дузах] аст»
14:31 [Эй Паёмбар] ба бандагони ман, ки имон овардаанд, бигӯ, намоз барпо доранд ва аз он чи рӯзиашон кардаем, пинҳоу ошкор инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯшест ва на дӯстие
14:32 Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он [анвои] меваҳоро барои рӯзии шумо падид овард ва киштиҳоро ба хидмататон гумошт, то ба фармонаш дар дарё равон бошанд ва ҷуйборҳоро [низ] дар хидмати шумо ниҳод
14:33 Ва хуршеду моҳро, ки пайваста [дар мадори худ] равонанд ва [ҳамчунин] шабу рӯзро ба хидмататон гумошт