>

Маркази тарҷумаи Равод — 258

14:19 [Эй инсон] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷоятон падид] меоварад

14:20 Ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло душвор нест

14:21 Ва [рӯзи қиёмат] ҳамагӣ дар пешгоҳи Аллоҳ таоло ҳозир [-у ошкор] мешаванд, пас, [дар ин ҳангом] ситамдидагон ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: « Мо [дар дунё] пайрави шумо будем, пас, оё [имрӯз] метавонед, чизе аз азоби Аллоҳро аз мо боздоред»? Онон мегӯянд: «Агар Аллоҳ таоло моро [дар дунё ба сӯйи растагорӣ] роҳнамоӣ мекард, мо низ роҳро ба шумо нишон медодем. Чи бетобӣ кунем ё шикебоӣ намоем, бароямон яксон аст. [Ҳеҷ] Гурезгоҳе надорем»

14:22 Ва чун кори [доварӣ] анҷом шуд, шайтон мегӯяд: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод ва ваъдаи росту дуруст ва ман ба шумо ваъда[-и дурӯғин] додам ва бо шумо хилофи ваъда кардам ва ман бар шумо ҳеҷ тасаллуте надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо [низ] иҷобатам намудед. Пас, маро сарзаниш накунед ва худро сарзаниш кунед. [Имрӯз] На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман ҳастед. Ман безорам аз ин ки пеш аз ин маро [бо Аллоҳ таоло] шарик мегирифтед. Ситамгорони [мушрик] азобе пурдард хоҳанд дошт

14:23 Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳои [биҳиште] дароварда мешаванд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба фармони Парвардигорашон дар он ҷовидонанд ва дурудашон дар он ҷо «салом» аст

14:24 [Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло чи гуна масал задааст? Калимаи пок [-и ло илоҳа иллаллоҳ] ҳамчун дарахти [нахли тануманду] покест, ки решааш [дар аъмоқи замин] устувор аст ва шохааш бар осмон [сар бароварда] аст