>

Маркази тарҷумаи Равод — 257

14:11 Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: «[Оре] Мо ҷуз инсонҳое монанди шумо нестем, вале Аллоҳ таоло бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад [бо неъмати нубувват] миннат мениҳад ва сазовор нест, ки мо ҷуз ба иҷозати Аллоҳ таоло барои шумо далеле биёварем. Пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд

14:12 Ва чаро бар Аллоҳ таоло таваккал накунем ва ҳол он ки ӯ моро ба роҳҳои [саодат]-амон ҳидоят намуд? Ва мо бар озоре, ки [дар роҳи рисолат] ба мо мерасонед, ҳатман, шикебоӣ мекунем ва таваккалкунандагон бояд фақат бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд»

14:13 Ва касоне, ки куфр варзиданд ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзаминамон берун мекунем ё ба оини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба онон ваҳй кард, ки: «Яқинан ситамгоронро нобуд мекунем

14:14 Ва ҳатман, шуморо пас аз онон дар замин ҷой хоҳем дод. Ин [азобу подош] барои касест, ки аз истодан [ба ҳангоми ҳисобрасӣ] дар пешгоҳи ман битарсад ва аз таҳдидам биҳаросад»

14:15 Ва [паёмбарон аз Аллоҳ таоло] дархости пирӯзӣ [бар кофиронро] карданд ва [саранҷом] ҳар гарданкаши ситезаҷӯ ноком [-у нобуд] шуд

14:16 [Ҳамон ки] Дузах пешорӯи ӯст ва ба вай обе аз чирки хунолуди [дузахиён] менӯшонанд

14:17 [Обе] Ки онро ҷуръа-ҷуръа меошомад ва [аз фарти тааффуну талхӣ] фурӯ бурданаш осону гуворо нест ва марг аз ҳар тараф рӯ ба сӯяш меоварад, вале намемирад ва азобе сахт [-у саҳмгине] пешорӯйи ӯст

14:18 Масали касоне, ки ба Правардигорашон куфр варзидаанд, [ин аст, ки] рафторашон ҳамчун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфонӣ бод бар он мевазад, ки аз он чи кардаанд, чизе дар даст надоранд. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст