Маркази тарҷумаи Равод — 256
14:6 Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ, ки аз [чанголи] фиръавниён наҷотатон дод, ки бадтарин [ва сахттарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда мегузоштанд ва дар ин [амр] аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд [то шикебоиятонро биёзмояд]»
14:7 Ва [ёд кунед аз] ҳангоме ки Парвардигоратон фармуд, ки: «Агар шукр гузоред, яқинан, [неъматамро] бар шумо меафзоям ва агар носипосӣ кунед, яқинан, азоби ман сахт аст»
14:8 Ва Мӯсо ба [онон] гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, пас, [ба Аллоҳ таоло ҳеҷ зиёне намерасад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст»
14:9 [Эй кофирон] Оё хабари [ҳалокати] касоне, ки пеш аз шумо буданд, [монанди] қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва [низ] онон, ки баъд аз эшон буданд [ва] ҷуз Аллоҳ таоло касе аз онон хабар надорад, ба шумо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далоил [-у муъҷизот]-и равшан ба сӯяшон омаданд, вале онон [ба нишонаи мухолифат] дастҳояшонро бар даҳонҳояшон ниҳоданд ва [ангушт ба дандон газиданду] гуфтанд: «Мо он чиро, ки шумо барои [иблоғи] он фиристода шудаед, инкор мекунем ва дар бораи он чи моро ба сӯяш мехонед, сахт дар тардидем»
14:10 Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар [ягонагии] Аллоҳ таоло – Офаринандаи осмонҳо ва замин тардиде ҳаст? Ӯ шуморо [ба имон] фаро мехонад, то гуноҳонатонро бибахшояд ва ба шумо то муддати муайяне муҳлат диҳад». Онон гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед, [ва] мехоҳед моро аз он чи ки падаронамон мепарастиданд, боздоред. Пас, далели ошкоре [дар мавриди ростгӯиятон] бароямон биёваред»