Маркази тарҷумаи Равод — 255
13:43 Ва касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] Ту фиристода [-и Аллоҳ таоло] нестӣ». Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло ва касе, ки дониши [китобҳои осмонии пешин] назди Ӯст, миёни ману шумо гувоҳ бошад»
14:1 Алиф, лом, ро.[1] Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда
14:2 Ҳамон] Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва вой бар кофирон аз азобе сахт!
14:3 Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва он роҳро мунҳариф мехоҳанд, инон дар гумроҳии дуру дарозе ҳастанд
14:4 Мо ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то [битавонад паёми илоҳиро] барояшон баён кунад. Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, [ба адолати хеш] гумроҳ месозад ва [ба фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
14:5 Ва ба ростӣ, Мо Мӯсоро бо нишонаҳое равшани худ фиристодем [ва ба ӯ дастур додем], ки: «Қавматро аз торикиҳо [-и куфр] ба рӯшноии [тавҳид] берун овар ва рӯзҳои Аллоҳро ба онон ёдоварӣ кун. Бе тардид, дар ин [ёдоварӣ] барои ҳар шикебои шукргузор нишонаҳое [аз яктоӣ ва бузургии Аллоҳ таоло] аст