>

Маркази тарҷумаи Равод — 254

13:35 Вижагии биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, меваҳояш ҳамешагӣ ва сояаш [низ доимӣ аст]. Ин саранҷоми касонест, ки парҳезгорӣ кардаанд ва саранҷоми кофирон оташ [-и дузах] аст

13:36 Ва касоне, ки ба онон китоби осмонӣ додаем, аз он чи бар ту нозил шудааст, шодмон мешаванд ва бархе аз гурӯҳҳо[-и аҳли китоб] бахше аз онро инкор мекунанд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман дастур ёфтаам, Аллоҳро бипарастам ва ба Ӯ ширк наварзам, ба сӯйи Ӯ даъват мекунам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯст»

13:37 Ва бад-ин сон, ин Қуръонро фармоне ба забони арабӣ [-и фасеҳ] нозил кардем ва агар пас аз донише, ки [аз ҷониби Парвардигор] бароят омадааст, аз ҳавасҳои онон [мушрикон] пайравӣ кунӣ, дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва нигаҳдорандае нахоҳӣ дошт

13:38 Ва бе тардид, пеш аз ту паёмбароне фиристодем ва барои онон [монанди дигар инсонҳо] ҳамсарону фарзандоне қарор додем ва барои ҳеҷ паёмбаре сазовор нест, ки ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло [муъҷиза ва] ояте биёварад. Ҳар амре [тақдиру] навиштае [маълум] дорад

13:39 Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки бихоҳад аз миён мебарад ва [он чиро бихоҳад] устувор медорад ва умму-л-китоб [Лавҳи маҳфуз] назди Ӯст

13:40 Ва [эй Паёмбар] агар бархе аз он чиро, ки ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё [пеш аз фаро расидани азоб] туро бимиронем, [дар ҳар ҳол] фақат таблиғи [рисолат] бар [уҳдаи] туст ва ҳисоб [-у муҷозоташон] бар мост

13:41 Оё [кофирон] надидаанд, ки мо [бо футуҳоти лашкари ислом] аз доманаҳои сарзамини [куфр] мекоҳем [ва бар қаламрави ислом меафзоем]? Ва Аллоҳ таоло ҳукм мекунад ва барои ҳукмаш [ҳеҷ] боздорандае нест ва ӯ дар ҳисобрасӣ сареъ аст

13:42 Ва ба ростӣ, касоне, ки пеш аз онон буданд [барои муқобала бо паёмбаронашон] макр варзиданд, вале тамоми макрҳо [ва тадбирҳо] аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ медонад, ки ҳар касе чи мекунад ва ба зудӣ кофирон хоҳанд донист, ки фарҷоми [накуи] сарои [охират] аз они кист